Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

   19 - уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангии бошукуҳу шаҳомат баргузор гардид.

      Сараввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. нутқи табрикотии  ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат карда, иштирокчиёнро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик ва таҳният намуд.

    Пас аз табрикот омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ - ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла: донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ зоирова Г. ғолиби озмуни “Маликаи наврӯзӣ”донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Мирзоева Ҳ. ғолиби озмуни “Гулбазми наврӯзӣ”, донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ. ғолиби озмуни “Анатоми сол” ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А., ки ғолиби озмуни “Омӯзгори сол” гардида буданд, бо Ифтихорномаи ректор ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд..

    Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.

   Чорабинӣ аз иҷрои сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллии тоҷикӣ ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

    Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба таълим  Аҳмадиён Ш.Р. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

17-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ аз фанњои физика, математика ва информатика баргузор гардид. Дар олимпиада аз фанни физика 33 нафар, математика 18 нафар ва информатика 7 нафар донишҷӯ иштирок намуданд.

 Аз натиҷаи олимпиада маълум гардид, ки аз фанни физика донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ Ёрова Э. ҷойи якум, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ  С.Ҳабибулло ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ  Худойқулов Б. ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Аз фанни математика Набиев Ш. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ ҷойи якум, Тураев Н. - донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ ҷойи дуюм ва Тоҷиев Ҳ. – донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Аз фанни информатика донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Юлдошев А. ҷойи якум, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Юсуфзода Ш. ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ Домуллоев Ф. ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибони олимпиадаи донишгоҳиро табрики таҳният намуда, барои иштироки онҳо дар даврҳои минбаъдаи олимпиадаҳои фаннӣ комёбиҳои бузург таманно менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     Санаи 17-уми марти соли равон дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ маҳфили “Физиологҳои ҷавон” баргузор гардид. Аз рӯи нақшаи маҳфил гурӯҳи “Гастроэнтерологҳо” дар мавзуи “Асосҳои физиологияи ҳозима” маърӯза карданд. Сипас донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ.  маърӯза кард. Пас аз шунидани маърӯзаҳо барои мустаҳкамкунии дониши иштирокчиён донишҷӯёни  курси сеюми факултети педиатрӣ Ваҳобов С., Ҷураев Э. ва донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур Исломова З.  викторина ва саволу ҷавоби интерактивӣ гузарониданд.  Иштирокчиён дар якҷоягӣ бо гурӯҳашон супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд.

     Ҳамзамон, донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Камолова М.  викторина ва саволу ҷавоби клиникӣ дар мавзуи дилу рагҳо гузаронид. Дар викторина сардорони ҳамаи гурӯҳҳо фаъолона иштирок карда, мубодилаи афкор намуданд.

       Мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ  Назаров Ҷ.Т. натиҷаи викторинаро эълон кард. Натиҷаи беҳтарин гурӯҳи “Пулмонологҳо” нишон доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     16 - уми марти соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Отахонов Ф.Х. дарси кушод баргузор гардид.

    Мавзуи дарси кушод “Анатомияи топографии девораҳои гардан” буда, он дар курси сеюми гурӯҳи 305-и факултети тиббӣ гузаронида шуд.

   Дар дарси кушод сардори бахши гурўњи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А. ва омӯзгорони кафедра ширкат варзиданд.

   Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнӣ ва технологияи иттилоотӣ истифода бурда шуд.

   Сардори бахши гурўҳи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгори ҷавон тавсияҳои методӣ дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

        Аз 13-ум то 15-уми марти соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо намояндагони марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ дар мавзуи “Инъикоси фаъолияти соҳаи маориф дар интернет” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.      

        Дар семинар 25 намояндаи марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ ширкат варзиданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар семинари мазкур муҳаррири масъули рӯзномаи  “Пайки шифо” ва хабарнигори сомонаи донишгоҳ Ошурмаҳмади Саркорӣ  иштирок намуд.

       Дар  семинар оид ба мавзуъҳои "Саводи расонаӣ", "Омода сохтани мавод барои нашр ва гузоштани он дар саҳифаи иҷтимоӣ", "Пешгирии забони адоват" мутахассиси варзидаи технологияи информатсионӣ - Рустам Гулов, рӯзноманигори шинохта - Раҷаб Мирзо ва доктори илмҳои филологӣ Қутбиддин Мухторӣ барои иштирокчиён аз баъзе нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот доданд.

      Семинар се рӯз идома ёфта, ҳадафи он аз инъикоси соҳаи маориф дар воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани малака, маҳорат ва дониши блогерони ҷавон оид ба саводи расонаӣ, санҷиши маводи иттилоотӣ, бехатарии рақамӣ, пешгирии забони адоват, одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешбурди саҳифаи иҷтимоӣ  иборат буд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Душанбе, 27 Март 2023 00:00

БИЁ НАВРӮЗ, МАРҲАБО!

Биё, Наврӯз!

          Марҳабо!

          Ба диёри Данғара!

          Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!

          Ба хоки поки Тоҷикистон!

          Ба куҳанбунёд буданат нигоҳ накарда, ҳар сол бо либоси нав зоҳир мегардӣ, тоқии Бадахшон, чакани Хатлон, атласи суғдиён, нишон аз Ориён, ваҳдати тоҷикон туӣ, Наврӯз!

          Мисли дилҳои кӯдакон софӣ, покӣ, беолоишӣ! Мисли модарон пурмеҳрӣ, мисли дилбарон нозукӣ, мисли забони тоҷикон гӯшнавозӣ! Мисли майи куҳансол дилҳоро ба ҷӯш меорӣ!

          Ту будӣ, ки бо забон дар якҷоягӣ халқи тоҷикро аз нестшавӣ нигоҳ доштӣ, аз душман ҳифз кардӣ, мисли мурғи Самандар пас аз ҳар сӯхтан эҳё шудӣ ва мисли хоҷаи Хизр дар ҳар давру замон бо инсон мондӣ!

          Фалсафаи хоси ту баробарӣ, бародарӣ ва ҳамдилӣ зебогӣ, покӣ, аст. Бо баробар будани шабу рӯз нишон медиҳӣ, инсон аз ҳамдигар тафовуте надорад, на дар нажоду миллат, на дар дину мазҳаб, на дар дороиву нодорӣ, на дар дарвешиву подшоҳӣ. Рӯзе баробар хоҳем шуд.

          Тадриҷан дарозшавии рӯзи равшан ва кӯтоҳ шудани шаби торик нишонаи ғалабаи некӣ бар бадист!

          Бо ҳусну тароват ва зебогии хеш меомӯзӣ, ки пок, зебо, бовиҷдон, баномус, беғараз, баимон ва самимӣ бошем.

          Насими фораме, ки аз ҷониби ту мевазад, басо гуворост, аё Наврӯз! Насими форамат  ҳамеша пайки хуш, навид, хабари хуш, ва паёми нек меорад!

          Биё, Наврӯз ва бо чашми худ бубин, ки мо дар донишгоҳ чи гуна туро истиқбол мегирем! Кафкӯбиҳои осмонкафи омӯзгорону донишҷӯён, рақси мавзуни гулдухтарон, барномаи консертии дастаи ҳаваскорони “Дурахшон” нисорат бод!

          Биё, мо фалсафаи туро, зебогии туро, покизагии туро дӯст медорем ва мепарастем!   

          Биё, Наврӯз!

          Марҳабо!

          Ба диёри Данғара!

          Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!

          Ба хоки поки Тоҷикистон!

         

 

ОШУРМАҲМАДИ САРКОРӢ,

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 4 of 119

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид