Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Сешанбе, 14 Феврал 2017 00:00

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИЛМ

Written by

   Санаи 10.02.2017с. дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии нақши занон дар илм, ки ҳамасола қайд карда мешавад, конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки олимон ва устодони донишгоҳҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби занон баргузор гардид.

   Дар конференсия аз ДДТХ 3-нафар устодон иштирок намуданд, ки инҳо н.и.т. Сайфиддинова Ф.А., дотсенти кафедраи “Забонҳо” Должикова В.А. ва Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ, н.и.х. Усмонова У.Х. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Баъди хотимаёбии конференсия ба муаллифони мақолаҳои беҳтарин “Раҳматнома” супорида шуд ва боиси ифтихор аст, ки яке аз онҳо насиби Должикова В.А. гардид.

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х.

     Бояд қайд кард, китобҳои зерин аз шоҳасарҳои адабиёти форсу тоҷик ба тартиб дароварда шуда, муҳимтарин асарҳои ахлоқиву тарбиявӣ ба ҳисоб  мераванд ва дар  тарбияти ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният махсусан наврасону ҷавонон ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Китобҳоро метавонед аз толори хониши Китобхонаи ДДТХ дастрас намоед.

                                                                             Маъмурияти Китобхона

 Аз Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, ки гулдухтарони ДДТХ дар озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” ғолиб гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

        Тамоми аъзоёни Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ иштирокчиёни ин озмунро барои ғолибият табрик намуда, таманно доранд, ки дар оянда қуллаҳои баландтари ғолибиятро ба даст оварда, номбардор ва ифтихори Донишгоҳи хеш гарданд.   

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х.

Сешанбе, 21 Феврал 2017 00:00

Дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш

Written by

  Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои варзишӣ, ки аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гаштани “Соли 2017-Соли ҷавонон” роҳҳандозӣ гардидааст, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуданд.

 Дар таърихи 11.02.2017с. дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқа аз рӯи намуди “Гуштини миллӣ” баргузор гардид.

Дар вазни 65кг донишҷӯи курси 1-уми факултаи тиббӣ Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода,бо усули зебои ба худ хос,усули сари зону, 3-ҳарифи хешро ба тахтапушт афтонд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар даври нимниҳоӣ ҳарифи вай аз ҷамоати “Саргазон”,ки бениҳоят паҳлавони пуртаҷриба буд, ба майдон баромад. Дар ин сабқат Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланд нишон дод,аммо доварон фаъолнокиро ба ҳарифи ӯ мансуб донистанд.

Ҳамин тариқ, дар вазни 65кг,аз шумораи 48-нафар Азизӣ Муҳаммадалӣ сазовори ҷои 3-юм гардид.

       Дар саннаи 17-18.02.2017с мусобиқа аз рӯи намуди “Волейбол” байни дастаҳои писарона ва духтаронаи ташкилот ва муассисаҳои ҷамоатҳои н. Данғара тибқи “Низомнома”-и бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳии н.Данғара бахшида ба”Соли ҷавонон” баргузор гардид.

Дастаи писарона ва духтаронаи ДДТХ дар ин мусобиқа ширкат варзиданд. Дастаи писаронаи ДДТХ дар бозии аввал бар дастаи ҷамоати “Оқсу”, дар бозии дуввум бар дастаи “Коллеҷи тиббӣ” пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Мутаассифона,дар даври нимниҳоӣ аз дастаи ҷамоати “Шаҳрак” мағлуб шуда, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Дастаи духтаронаи ДДТХ бошад,дар даври аввал озод буда,дар даври дуюм бар дастаи “Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявӣ” ғолибият ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Дастаи духтаронаи ДДТХ дар даври нимниҳоӣ бо дастаи “Мактаби варзишӣ”вохӯрда,дар натиҷа, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Ин дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш аз тарафи донишҷӯёни ДДТХ дар “Соли ҷавонон” фоли нек буда, боварӣ дорем,ки дар оянда дар дигар мусобиқаҳои варзишӣ баромад намуда, бонишондодҳои хуб ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.

Мудири кафедраи “Ҷомеашиносӣ”                     Гулов.А.А

  Санаи 30-юми январи соли 2017 маъмурияти китобхона бо сардорони гурӯҳҳо (ҳамаи факултетҳо) вохӯрӣ доир намуд. Дар рафти вохӯрӣ мудири китобхона бори дигар аз «Қоидаҳои истифодабарӣ аз Китобхонаи ДДТХ» ва риояи қоидаҳои додугирифти адабиёти мавҷудбуда  ёдрас шуда, аз сардорони гурӯҳҳо даъват бар он намуд, ки бояд бо ёрии онҳо донишҷӯёнро бештар ба китобхона ҷалб намоем. Ҳамзамон, оид ба рафти корҳо дар толори хониш  ва  пайваст будани компютерҳо бо хати интернет дар китобхонаи электронӣ маълумот дод. Ҳамакнун донишҷӯён метавонанд, дилхоҳ китобҳои лозимиро аз китобхонаи электронӣ дастрас кунанд. 

       Қайд гардид, ки ДДТХ ҳарчанд навтаъсис бошад, ҳам мо тавонистем донишҷӯёнро пурра бо адабиёти таълимӣ таъмин намоем. Инчунин, кормандони Китобхона китобҳои таълимие, ки аз ҷониби донишҷӯён бештар дархост мегарданд, онҳоро нусхабардорӣ карда ба хонандагон пешниҳод менамоянд. Маъмурияти  Китобхона кӯшиш бар он дорад, ки бо донишҷӯён бештар ҳамкорӣ намояду баҳри омода намудани табибони баландихтисос саҳмгузор бошад.

                                                                                      Маъмурияти Китобхона

     Аз 30-юми январи соли 2017 дар гурӯҳҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    нимсолаи дуюми соли аввалини таҳсил оғоз гардид. Агар ду рӯзи аввал аз сабаби офати табии дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе рухдода қисме аз донишҷӯёни вилояти Суғд бо сабабҳои воқеӣ дар вақташ расида омада натавониста бошанд ҳам, рӯзҳои баъдина иштироки донишҷӯён хеле беҳтар гардид.

         Рӯзи 2-юми феврал бошад сарвари донишгоҳ –д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аз дарси ҳар як гурӯҳҳои таълимӣ дидан намуда, аз рафти таҳсил изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бо оғози соли нави таҳсил синфхонаву лабораторияҳо барои тадриси фанҳои анатомияи одам, физикаи тиббӣ, биологияи тиббӣ таҷҳизонида шуда, аксари дарсҳо бо намоиши слайдҳои дахлдори мавзӯъҳои таълимӣ ба роҳ монда шуданд. Аз нимсолаи дуюм – тадриси фанни нави ихтисосӣ – гистология оғоз гардид, ки донишҷӯён ин фанро низ бо шавқу завқи беандоза омӯхта истодаанд.

         Баъдан бо иштироки ректори донишгоҳ ва аъзои раёсати донишгоҳ рафти низоми таълим дар нимсолаи дуюм муҳокима гардида. барои беҳтар намудани сифати таълим супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид