СОЗДАНИЕ ОБРАЗОВАТЕЛЬНОГО И ИССЛЕДОВАТЕЛЬСКОГО ПОТЕНЦИАЛА В ОБЛАСТИ ПИТАНИЯ И ДИЕТОЛОГИИ В ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ /BERNICA
Проект «Создание образовательного и исследовательского потенциала в области питания и диетологии в Центральной Азии (BERNICA)», в рамках сотрудничества с Erasmus+ сотрудничает с Хатлонским государственным медицинским университетом, начиная со 2 февраля 2023 г.
Проект BERNICA направлен на развитие образовательного и исследовательского потенциала Центрально- Азиатского региона в пропаганде здорового питания с целью улучшения здоровья населения.
Цели:
- Медицинские университеты Центральной Азии при поддержке трех европейских университетов будут накапливать местный опыт в разработке и внедрении инновационных учебных программ по питанию и диетологии в соответствии с Болонскими принципами и стандартами ENQA посредством серии учебных занятий.
- Университеты всех стран-партнеров будут разрабатывать различные курсы, ориентированные на разную аудиторию – студентов, аспирантов, работающих врачей, медсестёр и общество в целом.
- Европейские партнеры поделятся своими знаниями и передовой практикой с целью повышения исследовательского и инновационного потенциала целевых университетов в этой области.
- Реализация проектной деятельности приведёт к развитию региональной и международной сети посредством совместных инициатив и обмена передовым опытом в области образования, исследований и практики в области питания и диетологии.
Ожидается, что, имея общие цели и задачи, вузы Центральной Азии будут решать проблемы, с которыми сталкиваются целевые вузы и общества. Ожидается, что разработанные и внедрённые курсы по питанию и диетологии (N&D) будут адаптированы к конкретным потребностям местных вузов и общества. Несмотря на то, что названия и уровни реализации этих курсов различны и специфичны, далее для удобства чтения они будут обозначены N&D.
АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Аз санаи 1-ум то 22-юми майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Аттестатсияи хатми давлатӣ барои хатмкунандагони факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Қайд бояд дошт, ки бо фармоиши Ректори донишгоҳ Комиссияи аттестатсионии хатм дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ аз 07.04 соли 2024, таҳти № 248 ба тасвиб расид, ки барои факултети тиббӣ д.и.т., дотсент, мудири кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Қурбонов Ҷурабек Муродович, барои факултети педиатрӣ д.и.т., дотсент, мудири шуъбаи эҳёгарӣ, беҳтаргардонӣ, беҳисгароӣ ва табобати вусъатноки Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рахматова Рухшона Акрамовна ва барои факултети стоматологӣ н.и.т., табиб-стоматологи Пажуҳишгоҳи илмию клиникии «Стоматология» ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Юсупов Зариф Якубҷонович ба ҳайси Раисони комиссия таъин гардиданд.
Тазаккур бояд дод, ки мутобиқи маълумотҳои оморӣ 3 факултет: тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологии ДДТХ-ро ҳамагӣ 384 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки аз ин шумора ба факултети тиббӣ 161 (42%) нафар, ба факултети педиатрӣ 143 (37,2) нафар ва ба факултети стоматологӣ 80 (20,8%) нафар донишҷӯ рост меояд.
Аттестатсияи хатми давлатӣ дар се марҳила баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд. Барои давраи якуми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон 800 саволи шифоҳӣ (шифоҳӣ-ситуатсионӣ) пешниҳод шуда буд, ки аз он 3 савол (2 назариявӣ ва 1 ҳали масъалаи ситуатсионӣ) барои ҳар як билети донишҷӯ муайян карда шуда буд.
Барои давраи дуюми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон зиёда аз 800 саволи малакаҳои амалии касбӣ аз рӯи ихтисосҳо пешниҳод шуда буд.
Барои давраи сеюми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон бошад 3500 номгӯйи саволҳои тестӣ аз 10 фани таълимӣ: анатомияи одам, гистология, физиологияи нормалӣ, биохимия, фалсафа, ҷарроҳии умумӣ, беҳдошти иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои дарунӣ ва неврология пешниҳод шуд.
Аттестатсияи хатми давлатӣ бо омодагиҳои ҳамаҷонибаи Раёсати донишгоҳ доир гардида, рафти баргузории он пайваста зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта шуд. Натиҷаи аттестатсияи хатм нишон дод, ки ҳамаи хамткунандагон сарбаландона аз аттестатсияи хатм гузаштанд, ҳамзамон, 20 нафар хатмкунанда тавонистанд соҳиби дипломи аъло гарданд. Аз инҳо 7 (4,3%) нафар аз факултети тиббӣ, 11 (7,6%) нафар аз факултети педиатрӣ ва 2 (2,5) нафар аз факултети стаматологӣ мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар маҷмуъ ҷараёни ташкил ва баргузории қабули имтиҳонҳои хатм дар соли 2024 хуб ба роҳ монда шуда, раванди ҷамъбасти онҳо низ тибқи меъёрҳои ҷойдошта амалӣ гардонда шуд.
Муовинати таълим.
МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР
30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд.
Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули Қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” андешаронӣ карда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.
Вобаста ба интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута аз Сарвари давлат супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.
Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Баъди анҷоми суханронӣ миёни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ олимон ва донишмандони кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки зимни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонун, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли зиё андешаронӣ намуданд.
(бознашр аз сомонаи: http://www.president.tj)
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
25 майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин, захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа баррасӣ гардида, барои амалисозии ҳадафҳои созанда ва ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди мақомоти давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони вилоятҳои дигар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар дастур доданд, ки аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад. Таъкид гардид, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ идома татбиқи нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан, саноати коркард ниҳоят зиёданд, ки ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.
Таъкид карда шуд, ки ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба ҳалли онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат ба масъулин супориш доданд. Инчунин, дастур дода шуд, ки ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимтарин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суръат бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар гардида истодааст. Бо вуҷуди ин, дар вилояти Хатлон як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҷой доранд. Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла аз ҳолати садамавӣ баровардани як қатор муассисаҳои таълимӣ ва таъмини омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар соҳаи тандурустии вилоят низ як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла норасоии табибон, ба талабот мутобиқ набудани бинои баъзе муассисаҳои тандурустӣ ва кам будани воситаҳои нақлиёти тиббӣ мушоҳида мегарданд. Ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бунёду барқарорсозии 28 ҳазору 435 иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла 6 ҳазору 260 иншоот дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба ҳамаи сокинони вилоят ва ба роҳбарону фаъолон барори кор орзу намуданд.
Ҳамчунин зарурати иҷрои босифати супоришҳои дар вохӯрӣ бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла доир ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирӣ аз фирефта шудани ҷавонону наврасон бо афкори таассубу тундравии динӣ, таъкид гардид.
(бознашр аз сомонаи: http://www.president.tj)
“БЕҲТАРИН МИД” МУАЙЯН ГАРДИД
Санаи 16-уми майи соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ дар бораи «Ҷашнгирии идҳои баҳорӣ дар доираи ҷашни Наврӯз-2024 ва “Ҳафтаи ҷавонон” озмуни “Беҳтарин маҳфили илмии донишҷӯён” бо иштироки васеи маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 16 маҳфили илмии донишҷӯён ширкат варзида, маҳорату малака, донишу таҷриба ва малакаи амалию назариявии хешро манзури ҳайати ҳакамони озмун гардонданд.
Зикр бояд кард, ки озмун аз рӯи ду равия: тиббӣ ва ғайритиббӣ баргузор шуд. Дар натиҷа аз рӯи равияии тиббӣ маҳфили илмии донишҷӯёни “Дурахшон”-и Маркази омӯзиши симулиятсионӣ ва аз рӯи равияи ғайритиббӣ маҳфили “Чароғи маърифат”-и кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ғолиби озмуни “Беҳтарин МИД” дониста шуданд.
Ғолибони озмун дар ҷаласаи Шурои олимон бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хабарнигори сомона.
ТАШРИФИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
24-уми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба истифода доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Инчунин, дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд. Ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ карда шуд.
Зимни сафари корӣ, њамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 1 га замин сохта шуда, дорои 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад.
Зикр бояд кард, ки Маркази саломатӣ иқтидор дорад минбаъд чун пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони тиббии вилоят ва кишвар хизмат намояд. Дар заминаи беморхона барои тадрису таълими донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ду кафедра: фанҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ ҷойгир карда шудаанд, ки барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва татбиқи назария дар амалия ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин рӯз Пешвои миллат дар деҳаи Гарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ба истифода доданд. Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст. Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад. Инчунин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ», коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар», гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ, Маркази ташхис ва табобатӣ дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара, Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Насими диёр”-и ноҳияи Данғара ва дигар иншоотҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд.
(бознашр аз сомонаи: http://www.president.tj)