Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Бо ибтикори муовинати илм ва нашрия, аз 15-ум то 22-юми апрели соли 2024, бахшида ба ҳафтаи илм дар кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мизҳои мудаввар, семинару ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Санаи 17-уми апрели соли 2024 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзуи “Бардоштҳо аз "Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва  ходимони дини кишвар”"  мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои якум ва  дуюм иштирок намуданд. Мизи мудаввар таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.ф. Гулов А.А. доир гардида, пас аз маърузаҳои омӯзгорони кафедра суҳбати озод ва саволу ҷавоб байни маърузачиён ва иштирокчиён сурат гирифт.

Санаи 18-уми апрели соли 2024 дар кафедраи забонҳо дар доираи ҳафтаи илм  дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва аҳаммияти таърихии он” ҳамоиши илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Мудири кафедра н.и.ф. Одинаев С.П. дар оғози ҳамоиш аз бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих яке аз забонҳое ба шумор меравад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз салосату нафосат ва бузургию шаҳомати худро аз даст надодааст. Маърузачиёни дигар низ дар навбати худ оид ба мавқеи таърихии забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, санаи 18-уми апрели соли 2024 дар кафедраи химия ва биологияи тиббӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилии об, амал барои рушди устувор” мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир карда шуд. Дар идомаи ин, бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии замин” 20-апрели соли 2024 дар кафедраи мазкур маҳфили илмӣ баргузор карда шуд.

Чорабиниҳои зикршуда дар доираи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия бахшида ба ҳафтаи илм баргузор гардиданд ва дар ташаккул додан ва роҳнамои намудани донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон дар ҷодаи илм нақши муассире хоҳанд гузошт.

Муовинати илм ва нашрия.

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илмии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” санаи 18-уми апрели соли 2024 дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологии ДДТХ мизи мудаввар бахшида ба “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” баргузор гардид. Масъулони мизи мудаввар: мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т., мудири кафедраи анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ н.и.т. Алиев А.А. ва роҳбарии маҳфил  ассистенти кафедра Аюбҷонова Ш.Н. дар маъруза ва баромади худ мақсади баргузории мизи мудаввар ва ба ин васила тарғиби пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар байни донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро иброз намуданд.

Дар раванди баргузории чорабинӣ филмҳои кутоҳ ва презентатсияҳо пешниҳод гардида, ҳамзамон, саволу ҷавоб оид ба пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва истифодаи дурусти ғизо байни иштирокчиён сурат гирифт.

Кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологии ДДТХ.

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илми МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” санаи 6-уми апрели соли 2024 ҷаласаи навбатии “Ҷамъияти ихтироъкорон ва фаъолияти ратсионализаторӣ” ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ 2 адад пешниҳодҳои ратсионализаторӣ баргузор гардид. Пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мавзуъҳои “Тарзи гирифтани трансплантати пӯсти бутунқабата барои рӯйпӯш кардани дефектҳои пӯстӣ” (муаллифон Қурбонов У.А., Саидов И.С., Холов Ш.И., Муродов Ҷ.К., Дадоҷонов Ҷ.Ю.) ва “Ташхиси ултрасадоии пайдошавии остеоартрози банди зонуҳо”-ро (муаллифон Айниев Б.С., Азизова З.Д., Асоев С.П., Каримов Д.А.) фаро гирифтан буданд, ки аз мавзуъҳои мубрами тибби муосир ба шумор мераванд. Ҳар ду пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи ҳайати ҷамъият мусбат баҳогузорӣ гардида, мавриди тасдиқ қарор гимрифтанд.

Муовинати илм ва нашрия.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ миёни Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон бо дигар донишгоҳҳои тиббии хориҷи кишвар ва иҷрои бандҳои созишномаҳои қаблан имзошуда аз санаи 1-уми апрел то 8-уми апрели соли 2024 барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз фанҳои клиникӣ лексияи се нафар мутахассисони варзида аз Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия ва як нафар аз Донишгоҳи тиббии Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Зикр бояд кард, ки барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети педиатрӣ лексия аз фанни «Бемориҳои кӯдакона» аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, мудири кафедраи педиатрияи госпиталӣ бо курси маълумоти иловагии касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия, н.и.т., профессор Павлинова Елена Борисовна, аз фанни «Бемориҳои дарунӣ» барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз ҷониби мудири кафедраи тибби реабилиталӣ бо маълумоти иловагии касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия н.и.т., профессор, Ахмедов Вадим Адилевич ва аз фанни «Акушерӣ ва гинекологӣ» барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз ҷониби мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Омск, н.и.т., дотсент Савелева Ирина Вячеславовна давоми ду рӯз идома ёфт.

  

  

Лексия аз фанни «Бемориҳои ҷарроҳӣ» барои донишҷӯёни курсҳои 4-ум, 5-ум ва 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ бошад, аз 1-ум то 8-уми апрел сурат гирифта, аз тарафи ёвари профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи тиббии Қарағанда, табиб-ҷарроҳ, колопроктолог Эргешов Руслан Хадиматович доир карда шуд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия ва Донишгоҳи тиббии Қарағандаро Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т, профессор Убайдулло Қурбон расман ба ҳузур пазируфта, аз ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар навбати худ, намояндагон низ аз пазироии самимӣ ва ташкили имконияту шароити мусоид миннатдории худро ба роҳбарияти донишгоҳ иброз намуданд.

 

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 28-уми март бо ибтикори маъмурияти китобхонаи донишгоҳ бахшида ба шоҳасари бузурги ниёгон “Захираи Хоразмшоҳӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ дбаргузор гардид. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз намуд ва бузургиву манзалати ин асар, аз ҷумла барои соҳаи тибро арзёбӣ намуд.

 

Мудири китобхона Ҳалимов М.А. дар маърузаи худ оид ба раванди таҳия, баргардон ба хати криллӣ, ба чоп омода намудани асари мазкур, ҳайати таҳририя, муҳаррири масъул  ва дигар масъалаҳои марбут ба асари “Захираи Хоразмшоҳӣ” сухан намуд.

 

Инчунин дар маҳфил аз ҷониби мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Гулов А.А.  дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-эҳёгари соири улум””, мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Исмҳои ҷамъбандӣ дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”", мудири кафедраи Бемориҳои ҷарроҳӣ н.и.т., Холов А.Д. дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-роҳнамо дар табобати омосҳо”, омӯзгори кафедраи анатомияи нормалӣ н.и.ф., Сангова Ҳ.Р. дар мавзуи “Манфиату мазаррати хобу бедорӣ аз нигоҳи Исмоили  Ҷурҷонӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., Саидова М.Р. дар мавзуи “Илми тиб аз нигоҳи Исмоили Ҷурҷонӣ” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд.

Дар фарҷом муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. кори маҳфилро қаноатбахш арзёбӣ намуда, бори дигар муҳиммияти ин асарро барои соҳаи тиб ва табибон таъкид намуд ва аз баргузории чунин маҳфил ба масъулон изҳори сипос кард.

Китобхонаи донишгоҳ.

Санаи 30-уми марти соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшид ва аъзои ҷаласаро бо рӯзнома шинос намуд.

Дар масъалаи якуми рӯзнома муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. "Маълумот оид ба натиҷаи сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2023-2024"-ро баррасӣ намуда, дар маҷмуъ, камбудӣ ва муваффақиятҳои бадастоварда дар сессияи имтиҳонии мазкурро бо таҳлили амиқ ва далелҳои асоснок пешниҳод намуд.

Дар масъалаи дуюми рӯзнома мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 дотсент Пиров Б.С. оид ба "Фаъолияти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1, мушкилот ва дурнамо" ҳисоботи панҷсола пешниҳод намуд. Ҳамзамон, хулосаи комиссияи санҷишӣ вобаста ба фаъолияти кафедраи мазкур аз ҷониби раиси комиссия дотсент Боронов Ҳ.А. манзур гардонда шуд.

Мудири китобхонаи донишгоҳ Ҳалимов М.А. дар масъалаи сеюми рӯзнома аз "Фаъолияти китобхона, мушкилот ва дурнамо" ба аъзои шуро маълумот пешниҳод намуд.

Масъалаи чорум: "Маълумот оид ба фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотӣ дар соли таҳсили 2023-2024"-ро сарвари марказ Саидов Н. пешниҳоди аъзо гардонид.

Зикр бояд кард, ки вобаста ба масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида Қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ бошад як қатор лоиҳаи қарорҳо пешниҳод ва аз ҷониби аъзои шурои олимон тасдиқ карда шуданд.

Инчунин, Раиси Шурои олимон аз номи тамоми аъзои шуро ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Дадаҷонов Ҷаҳонгир, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии "Маркази рушди зеҳнӣ" дар озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ" аз рӯйи номинатсияи "Ихтироъкориву барномасозӣ" ғолиб дониста шуда буд, табрик намуда, дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои навтаринро таманно намуд.

Хабарнигори сомона.

Page 6 of 132
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид