Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

                                                                                      

Санаи 26-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон нахуст намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳро тамошо намуда, ҳамзамон, аз синфхонаҳои намунавии “Анатомияи нормалӣ”, Физиологиия нормалӣ” ва “Гистология”, китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ дидан намуданд. Дар синфхонаи таълимии МОС донишҷӯёни фаъол ва аъзои маҳфилҳои илмӣ корҳои амалиро муаррифӣ ва пешниҳоди меҳмонон намуданд.

  






Сипас дар толори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шуро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома “Вазъи табодули академии омӯзгорону донишҷӯён Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар” директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол баромад намуд.

Масъалаи дуюм ба “Нақши Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” бахшида шуда, оид ба масъалаи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло Абудлло маълумотро пешниҳод намуд.

                        Дар масъалаҳои ҷорӣ 5 масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид вобаста ба “Вазъи амалишавии барномаҳои таҳсилотӣ дар доираи иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти таълимӣ” ибрози андеша намуд.

                

  Дар идома     масъала ҳои “Тартиби омода намудани дипломҳои намунаи давлатӣ бо назардошти талаботи ҳуҷҷатгузории муосир”, “Амалисозии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дипломи аъло дар низоми таҳсилоти кредитӣ” ва “Сатҳи омода намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва қаноатмандии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз ҷониби Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 21-уми октябри соли 2024 дар баробари дигар идораву муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” фаъолона ширкат варзид.

Дар фестивали мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарон бо либосҳои гуногуни миллӣ иштирок варзиданд ва ба ин васила дар муаррифии фарҳангу тамаддуни қадимаи миллат тоҷик ва либосҳои миллии тоҷикӣ саҳм гузоштанд.

Дар анҷоми Фестивали “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур Раёсати ДДТХ бо “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардид.

Хабарнигори сомона.

Санаи 16-уми октябри соли 2024 дастаи мунтахаби ДДТХ дар «Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилояти Хатлон» ширкат варзид.

Зикр бояд кард, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш доир гардида буд, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намуди «Гӯштини миллӣ», «Волейбол», «Футболи хурд» ва «Шоҳмот» гузаронида шуд. Ёдовар бояд гардид, ки дар фестивали мазкур аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят дастаҳои мунтахаби варзишӣ иштирок карда, дар намудҳои зикргардида маҳорати варзишии худро санҷиданд.

Дар расми ифтитоҳи Фестивали бозиҳои варзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат иштирок ва суханронӣ намуда, аҳаммияти ташкили чунин мусобиқаҳо дар мустаҳакам намудани дӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубро таъкид дошт.

Зикр бояд кард, ки дастаи мунтахаби ДДТХ дар ин мусобиқа фаъолона ширкат намуд. Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни духтарон дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ: Холиқова Шоҳина-донишҷӯйи курси 6-уми факултети педитарӣ, сазовори ҷойи якум, Зоирова Гуландом донишҷӯйи курси 4-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Миршаропова Оиса - донишҷӯйи курси 4-уми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни писарон низ дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. Ҷураев Элёр - донишҷӯйи курси 5-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи якум, Атабоев Муҳамадалӣ - донишҷӯйи курси 6-уми факултети педиатрӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Ғаффоров Кароматулло – донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди «Гуштини миллӣ» дар вазни 65 кг Назаров Хушдил – донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ сазовори ҷойи якум ва Махсумов Далерхон - донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ, дар вазни 55кг, Тағойқулов Камолиддин -  донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ дар вазни 86 кг, Мирмаҳмадов Эҳсон-донишҷӯйи курси чоруми факултети тиббӣ дар вазни аз 95 кг боло сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардиданд.

Дар риштаи “Футболи хурд” бошад, дастаи футболбозони ДДТХ љойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва мукофтҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Мусобиқа дар фазои дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сулҳу ваҳдати комили миллӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид.

Кафедраи тибби ҳарбӣ,

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ.

Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҷ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ омӯзгорон  бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи омӯзгор» қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии кафедраи забонҳо ва кафедраи химияи тиббӣ ва экология зиннатбахши чорабинии мазкур гардида, рақсҳои марғуб ва сурудҳои дилнишин баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш гардиданд.

Дар фарҷом, муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ба шуъбаи тарбия ва фарҳанг, дастаи ҳунарии донишгоҳ, кафедраи забонҳ, кафедраи химияи тиббӣ ва экология барои баргузории чунин барномаи адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда, бори дигар ҳозиринро бо ин ду ҷашни бузург  табрик намуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 5-уми октябри соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро ба маблағи 50 000 cомонӣ панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун — дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиб гардиданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ – Алиева Меҳринигор дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи «Санъати тасвирӣ» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Номбурда бо «Диплом»-и озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ва мукофоти пулӣ қардонӣ карда шуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 25-уми сентябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» намоянадгони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва ғолибони даврҳои аввали озмун иштирок намуданд.

Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардид.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ин озмун донишҷӯёни курси чоруми факултети тиббӣ – Зоирова Гуландом Хуршедовна ва Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. намояндагӣ намуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ қаблан дар моҳи май, дар даври донишгоҳии озмуни мазкур холҳои аз ҳама баландро соҳиб гардиданд ва чун ғолибони озмуни донишгоҳӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Натиҷаи озмуни даври ҷумҳуряивӣ пас аз иштирок ва баромади тамоми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон хоҳад гардид.

Хабарнигори сомона.

Page 5 of 137
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид