ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!
Раёсати ДДТХ дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён, ҳамзамон, ба тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон ва дараҷаи илмидошта низ диққати аввалиндараҷа равона карда, барои аспирантону докторантон барои ҳимояи корҳои илмӣ шароитҳои муосид фароҳам овардааст.
Ин аст, ки санаи 13-уми июни соли 2024 омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббии донишгоҳ Султонмамади Гулмамад дар Шурои диссертатсионии 6DКОА-038 – назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро таҳти унвони “Динамикаи ҷамъшавии пайвастагиҳои фитохимиявии растании Сич (Еeremurus) дар шароити гуногуни экологӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.01.04 – Биохимия, бо роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҷумъаев Б.Б. бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати донишгоҳ, омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Султонмамади Гулмамадро ҷиҳати сарбаландона ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи илмӣ ва пажуҳишҳои нав ба ӯ муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Раёсати донишгоҳ.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲПО
Санаи 7-уми июни соли 2024 вохӯрии муовинони ректор бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсад аз вохӯрии имрӯза ин дигарбора баррасӣ намудани се масъалаи асосӣ: “Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ”, “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” ва “Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар” мебошад.
Сипас муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан намуд. Таъкид карда шуд, ки Паём барои ҳар як сокини кишвари азизамон чун як раҳнамое мебошад, ки дар он фаъолияти тамоми самтҳо бо факту далелҳои раднашаванда таҳлилу баррасӣ гардидааст. Оморҳои дар Паём овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳу сифати зиндагии мардум сол ба сол беҳтару хубтар гардида истодааст ва ҳамаи ин аз баракати ваҳдату ягонагӣ, Истиқлолияти комил ва кушишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. дар навбати худ перомуни “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” баромад намуд. Зимни баромад аз суханронии Пешвои миллат иқтибосҳо оварда шуда, масъалаҳои бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ҳамзамон, хизматҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик чун поягузорони бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом, риояи либоси милливу дастгирии ниёзмандон ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. перомуни “Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар” суҳбат намуд. Камбудиҳои ҷойдошта дар самти илми кишвар, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид гардида буданд, дигарбора дар ҷаласа ба самъи ҲПО ва кормандон расонида шуд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар тарбияи шогирдон набояд бемасъулиятӣ зоҳир кард ва тарғиби илму дониш барои насли нав вазифаи аввалиндараҷаи мо – аҳли зиё мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. қайд карда шуд, ки ин се ҳуҷҷати бисёр муҳим дар самти фаъолияти дохиливу хориҷии кишвар, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва рушду нумуъ додани илми кишвар хеле муҳиму саривақтӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми шумо – роҳбарони сохторҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва кураторони гуруҳҳои академиро лозим аст, ки онҳоро сармашқи кори ҳаррузаи худ намуда, дар ҷаласаҳои сохториатон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳед.
Хабарнигори сомона.
ЛЕКСИЯИ АКАДЕМИК МЕЪРОҶОВ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Даъват намудани олимону мутахассисони соҳаи тиб, академикону шахсиятҳои маъруфи кишвар ва берун аз он ба донишгоҳ ҷиҳати баргузор намудани лексия барои донишҷӯёну омӯзгорон ва интернаву ординаторҳои клиникӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Санаи 6-уми июни соли 2024 дар толори фарҳангии ДДТХ лексияи навбатии олими варзидаи соҳаи тибби Тоҷикистон академик Меъроҷов Ғиёсуддин Кутбиддинович барои донишҷӯён, интерна ва ординаторҳои клиникӣ ва омӯзгорони донишгоҳ доир гардид.
Меъроҷов Ғ.Қ. доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи миллӣ ва Академии илмҳои тиббии Тоҷикистон, директори Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1944 ба дунё омадааст. Дар тӯли ҳаёти пурбаракаташ ба зинаҳои олии илм расида, сазовори унвонҳои баланди илмӣ гаштааст. Академик Меъроҷов Ғ.Қ. аъзои Ассотсиатсияи гастроэтерологҳои Булғористон, профессори фахрии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии Академияи илмҳои тибби Россия, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ, раиси Ҷамъияти гастроэнтерологҳои ҶТ, раиси Шурои диссертатсионии ихтисоси гастроэтерологияи ҶТ, сармуҳаррири маҷаллаи «Масъалаҳои гастроэнтерология», муовини муҳаррири маҷаллаии «Ахбороти АМИТ», «Ахбороти Академияи илмҳо» дар соҳаи биология ва тиб, аъзои шурои таҳририяи «Гастроэнтерология, гепатология ва колопрактология»-и Федератсияи Россия, аъзои кумитаи маҷаллаи солонаи «Ҳафтаи гастроэнтерологии Россия» мебошад.
Академик Меъроҷов Ғ.Қ. муаллифи зиёда аз 380 мақолаи илмӣ, 6 монография, 12 патент буда, таҳти роҳбарии вай 21 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд.
Донишҷӯёну омӯзгорон, интернаву ординаторони донишгоҳ лексияи Академик Меъроҷов Ғ.Қ.-ро хуш пазируфтанд ва аз баргузории чунин лексия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муовинати таълим.
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ДОНИШГОҲӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 1-уми июни соли 2024 дар оғози ҷаласаи Шурои олимон ғолибони озмунҳои донишгоҳии бахшида ба идҳои баҳорӣ, аз ҷумла бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, аз ҷониби Ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин маҳфили илмӣ” маҳфили илмии донишҷӯёни “Дурахшони”-и Маркази омӯзиши симулятсионӣ таҳти роҳбарии донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Ошурбекова Ф.Қ. аз руйи равияи тиббӣ ва “Чароғи маърифат”-и кафедраи ҷомеашиносӣ таҳти роҳбари донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Қурбонов А.Р. аз рӯйи равияи ғайритиббӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи малакаҳои амалӣ” маҳфили илмии донишҷӯёни “Ҷарроҳони ҷавон”-и кафедраи Бемориҳои ҷарроҳӣ бо роҳбарии Эргашев И.З. ҷойи аввал ва маҳфили илмии донишҷӯёни “Дурахшони”-и Маркази омӯзиши симулятсионӣ таҳти роҳбарии Абдураҳимзода Ш.Р. ҷойи дуюмро соҳиб гардида, бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинатсияи “Ҳунарманди сол” донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ Алиева Меҳринигор Шоҳмуродовна ғолиби озмун дониста шуда, бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Донишҷӯёни фаъол: донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Ёрова Э.Ҳ., донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Маҳмадҷонов А.А., донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Худойбердиев Ҳ.Ж., донишҷӯи курси 5-уми факултети педиатрӣ Мирзоев Ш.Ҷ., донишҷӯи курси 5-уми факултети педиатрӣ Пиров В.Ш., ки дар даври донишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2023 ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, Садриддинзода Амирбек – донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ ва Умарова Шукрона Абдусаломовна – донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ ғолиби озмуни “Стипендияи ректор дар соли 2024” дониста шуда, бо “Диплом” сарфароз гардиданд.
Инчунин, дар доираи “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” 21 нафар омӯзгорони ҷавон ва 20 нафар донишҷӯёни фаъол, ки дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолияти назаррас нишон доданд ва дар корҳои илмию маърифатии донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби муовинони ректор бо Ифтихорномаи Ректори ДДТХ ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тадбирандешиҳои Раёсати донишгоҳ дар пайравии сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ин васила ҳавасмандии ҷавононро ба илмомӯзӣ ва аз худ намудани нозукиҳои илми тиб зиёд намуда, ҳамчунин, дар худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон ва саҳм гузоштан дар гулгулшукуфии ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз такони тоза хоҳад бахшид.
Хабарнигори сомона.
СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Рӯзи 6-уми июни соли 2024 дар ДДТХ семинар-машварат дар мавзуи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ – ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқии он» аз ҷониби намояндагони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ: Холиқов Тоҳир Халилович – директори китобхонаи давлатии патенту техникии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ, Назаров Баҳодур Исмоилович – сармутахассис, коршиноси раёсати иттилоот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ, Шарипов Сунатулло Қосимович – сармутахассис, коршиноси раёсати санҷиши давлатии гузаронида шуд. Дар семинар машварат ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.
Семинар-машваратро муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз намуд ва мақсади аз баргузории семинари мазкурро гуфта дод.
Сипас директори китобхонаи давлатии патенту техникии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Холиқов Т.Х. оид ба масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ихтироъкорон, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқ ва асосҳои моликияти зеҳнӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар назди Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ кафедраи “Ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» амал мекунад, ки масъалаҳои гуногуни самти мазкурро ба танзим медарорад.
Сармутахассис, коршиноси раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Шарипов С.Қ. оид ба талаботҳо ва шартҳои ихтироъ, объекти ихтироъ, меъёрҳои онҳо маълумот дод.
Сармутахассис, коршиноси раёсати иттилоот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Назаров Б.И. дар бораи тарзи таҳия намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ барои гирифтани патент маълумоти муфассале пешниoҳод намуд.
Коршиносони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ ба саволҳои ҳозирин оид ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи мазкур посухҳои мушаххас доданд
Семинар-машваратро муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҷамъбаст намуда, аз номи Раёсати донишгоҳ ба кормандони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ барои баргузории семинар арзи миннатдорӣ намуд.
Муовинати илм ва нашрия.
БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ХАТМ” ДАР ДДТХ
Санаи 5-уми июни соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи хатм” баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ширкат варзиданд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон оғоз ёфт. Пас аз нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, ҳамзамон, Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор сухан намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ба донишгоҳ ва сохта ба истифода дода шудани бинои боҳашамат, муваффақиятҳои донишҷӯён ва дастовардҳои донишгоҳ ҳарф зада, ба талаботи замон ҷавобгӯ будани сатҳи донишро таъкид намуданд.
Сипас, аз ҷониби Ректори донишгоҳ ва Раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба 18 нафар хамткунандагони факултети тиббӣ, педитарӣ ва стоматологӣ “Дипломи аъло” супорида шуд.
Пас аз тақдим гардидани “Дипломи аъло”, аз ҷониби хамткунандагон ба курсҳои аввал муқаддасоти донишгоҳ чун рамзӣ дониш супорида шуда, ҳамзамон, хатмкунандагон “Савганди табибон”-ро ёд намуданд.
Барномаи адабӣ-мусиқии дастаи ҳунарии донишгоҳ идомабахши чорабинии “Рӯзи хамт” буд, ки ифтихору фараҳмандӣ ва суруру шодмонии аҳли нишаст ва хамткунандагонро даҳчанд зиёд намуд.
Хабарнигори сомона.