НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДТХ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо доираи васеи хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати хабарнигоронро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфтанд ва аз фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи охир маълумотро пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли нуҳум аст, ки фаъолият менамояд.
Айни ҳол донишгоҳ дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 3 бинои таълимӣ, 3 бинои хобгоҳ (донишҷӯён ва омӯзгорон), биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар бинои таълимӣ ва дар 5 пойгоҳҳо: Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тиббии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, дар соли 2024 масоҳати умумии биноҳои таълимии донишгоҳ ба 39 550 м2 расида, аз ин миқдор 24 952 м2 –и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои меъёрӣ (1:9м2) 2м2 зиёд мебошад. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 168 синфхона, 4 синфхонаи компютерӣ, 2 толори хониш, 5 толори маҷлисӣ, 20 толори лексионӣ, 1 толори фарҳангӣ, 24 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ - озмоишӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар маҷмуъ дар донишгоҳ барои 7500 ҷой шароит муҳаё гардидааст.
Корҳои сохтмонии 2 бинои таълимӣ ва 1 бинои хобгоҳ барои донишҷӯён бо маром идома дошта, тибқи нақша дар соли таҳсили 2025 -2026 мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Дар соли 2024, аз рӯи маълумотҳои оморӣ, шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 402 нафар иборат буд. Аз шумораи умумии кормандон 199 нафар ё худ 49,5% -ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 146 (73,3%) нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медод.
Теъдоди умумии донишҷӯён аз 2604 нафар иборат буд. Аз ин шумора, донишҷӯёни факултети тиббӣ 1227 (47,1%) нафар, факултети педиатрӣ 861 (33,1%) нафар, факултети стоматологӣ 417 (16%), факултети тиббӣ-профилактикӣ 49 (1,8%) нафар ва факултети фармасевтӣ 50 (1,9%)- ро ташкил додааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 811 (31,1%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1793 (68,9%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Теъдоди духтарон 757 (29,1%) нафар ва писарон аз 1847 (70,9 %) нафар иборат буд. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 121 (4,6%) нафарро ташкил медод. Дар байни донишҷӯён 15 (0,57%) нафар ятими кулл ва 18 (0,7%) нафар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил менамуданд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 127 адад иборат буда, аз ин миқдор 42 (33%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 85 (67%) гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд.
Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ теъдоди аспирантҳо аз 1 нафар, унвонҷӯён аз 16 нафар, доктарантҳо аз 2 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 31 нафар ва ординаторони клиникӣ аз 71 нафар иборат буд.
Зикр карда шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар самти корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидорию байналмилалӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Ректори донишгоҳ дастовардҳои дар ин самт бадастовардаи донишҷӯёну кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро бо мақому арзиш ва сифату арзёбиашон ба самъи хабарнигорон расонид.
Дар навбати худ хабарнигорон вобаста ба фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таълим, дараҷаи илмии омӯзгорон, фаъолияти илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ, равобити байналмилалӣ, нақшаи қабули донишҷӯен, таъсири шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳу сифати таълим, дурнамои донишгоҳ ва дигар масъалаҳо саволҳо пешниҳод намуданд ва аз ҷониби Ректори донишгоҳ посухи мушаххас гирифтанд.
Хабарнигори сомона.
БАРРАСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ КУРАТОРОНИ ДДТХ
Санаи 27-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои кураторон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оғоз бахшид ва дар баробари масъалаҳои дигари дар рӯзнома дарҷгардида, ҳамзамон, оид ба масъалаи “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ “ сухан намуд.
Раиси Шурои кураторон зимни баррасии Паём иброз дошт, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳояш бо факту далелҳои раднашванда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилу натиҷагирӣ гардид ва дар баробари ин, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизамон дастуру супоришҳо ба масъулин дода шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва рушду нумуъ бахшидани соҳаҳои мазкурро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои соҳа мешуморад. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд... Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст...”.
Албатта, чунин дастгириву чораандешиҳои пайвастаи соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосир барои донишадӯзиву тарбияи насли нав шоистаи таҳсин аст ва тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳамонро зарур аст, ки бо дарназардошти чунин оморҳои дақиқу шароитҳои хуби корӣ, таълиму тарбияи донишҷӯёнро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монем.
Дар баробари зикри дигар омор ва далелҳои дар Паём садода, инчунин, Раиси Шурои кураторон аз дастгирӣ ва диққати ҷиддӣ додани давлат ва ҳукумат ба соҳаи тандурустии кишвар андешаронӣ намуд ва аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иқтибос овард, ки: “...Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем...”.
Ќайд гардид, ки бо дарназардошти чунин таъкидҳои Пешвои миллат, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака, таҷрибаву кордонӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани табибони оянда аз роҳу усулҳои беҳтарин истифода барем ва дар пешрафти рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар бо ба воя расонидани мутахассисони ояндаи тиб саҳмгузорӣ намоем.
Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур, ба деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми кураторони гуруҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соатҳои тарбиявӣ ва ҷаласаҳои сохторї мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 25-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир карда шуд. Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, бо кушодани ҷаласа, аъзои Шуроро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзнома шинос намуд.
Қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзнома Раиси Шурои олимон мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А. ва муовини сардори мудофиаи шаҳрвандӣ дар ДДТХ Насруллоев Д.-ро бо ҷашни зодрӯз аз номи аъзои Шурои олимон табрику таҳният намуд.
Сипас, тибқи рӯзнома масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати муолиҷавии ДДТХ дар соли 2024” муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. баромад намуда, аз дастовардҳою муваффақият ва дурнамои фаъолияташон маълумоти муфассал манзур намуд. Дар навбати худ, Раиси Комиссияи санҷишӣ н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., ки тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ барои санҷиши фаъолияти муовинат комиссия таъсис дода шуда буд, оид ба фаъолияти назарраси муовинат, дастовардҳою комёбиҳо, инчунин, камбудиву норасогии муовинат маълумотро пешниҳоди ҳозирин гардонид. Пас аз таҳлилу баррасии ҳисоботи муовинат фаъолияти муовинати муолиҷавӣ дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар масъалаи дуюм сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. оид ба иҷрои сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар соли 2024 маълумоти таҳлилшуда ва асоснок пешниҳод намуд.
Масъалаи сеюми рӯзномаро “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025” ташкил дод, ки ваколатдори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. маълумотномаро манзури аъзои шуро гардонид. Қайд гардид, ки барои оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил тамоми чораҳои амалӣ андешида шуданд, ҷадвали дарсӣ ба пуррагӣ омода шудааст, кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба бастҳои кориашон ягон мушкилӣ надоранд, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, таҳҷизоти техникӣ таъмин аст, деканатҳои факултет низ тамоми корҳои вобаста ба оғози нимсолаи дуюми соли таҳсилро ба анҷом расонидаанд.
Дар масъалаи сеюми рӯзнома директори Китобхонаи донишгоҳ Ҳалимов М.А. “Дар бораи фаъолияти китобхона дар соли таҳсили 2024-2025” маълумоти пурраро пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки миқдори китобҳои чопӣ ва электронӣ бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва вазоратҳои дахлдор сол ба сол зиёд шуда истодааст. Шумораи ҷойи нишаст ва миқдори адабиёт дар китобхона ба меъёрҳо мутобиқат менамояд. Барои истифода аз махзан ва пойгоҳҳои электронӣ масъулони китобхона тамоми чораҳои амалиро андешидаанд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида Раиси Шурои олимон нуқтаву назари худро пешниҳод намуд ва ба роҳбарони сохторҳо барои иҷрои вазифаҳо ва уҳдадориҳояшон як қатор супоришҳо доданд.
Дар масъалаи ҷорӣ, фармоиши ректор оид ба таъин намудани н.и.п. Шарипов Алишер Файзуллоевич ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи забонҳо қироат гардид. Барои боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти кафедраи мазкур Раиси шуро ба Шарипов А.Ф. дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар масъалаи ҷорӣ лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқ намудани сохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон”” (дар таҳрири нав) ва “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо барои соли 2025” пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.
Хабарнигори сомона.
БАРРАСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ЗАНОНИ ДДТХ
Санаи 17-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои занон ва духтарони ДДТХ баргузор гардид, ки масъалаи якуми рӯзномаро “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ” ташкил медод. Қайд карда шуд, ки Паём тамоми самтҳои фаъолият, дастоварду афзалиятҳо ва пешравию шукуфоии кишвари азизамонро инъикос намуда, ҳамзамон, рушду нумуи минбаъдаи мамлакат низ аз ҷониби Сарвари мамлакат дар он пешбинӣ гардид. Дар баробари дигар самтҳо, ҳамчунин, Президенти кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса равон намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки “...Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад...”
Инчунин, зимни баррасӣ ва омӯзиши Паём дар ҷаласаи Шурои занон қайд гардид, ки барои мо бонувон боиси ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар як суҳбату вохӯрӣ ва дар Паёмҳои ҳамасола ба фаъолияти занон, ҷойгоҳ ва мақоми зан-модар, эҳтироми ҷинси латиф, иззату ҳурмати бонувон, саҳми бонувон дар рушду нумуи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар робита ба ин, ҳар яки мо бонувон-кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро зарур аст, ки аз беш аз пеш дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи тиб саҳми худро гузорем.
Хабарнигори сомона
Аҳаммият ва нақши Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми давлатдории муосир
Дар таҷрибаи ҷаҳони муосир дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва ба тамоми халқи кишвар ироа намудани паёми Президенти кишвар, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Пешниҳод шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне, Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Санаи 28-уми декабри соли 2024 Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт.
Пешвои миллат дар Паёми худ сараввал аз вазъияти ноустувори сиёсии ҷаҳон сухан намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон омодааст, ки бо дарназардошти вазъияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҳамкориҳои васеъро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшад. Аз ҷумла Президенти кишавар афзуд, ки «Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем».
Дарвоқеъ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳони муосир ва зуҳур намудани ҷиноятҳои муташакил назар ба солҳои қаблӣ хеле печида, хеле хатарнок ва хеле нозук гаштааст. ҷангҳои харобовар як қатор кишварҳои ободу зебо ва муқтадири мамолики араб ва Аврупоро ба чӣ ҳоле овардааст. Дар ҳар рӯзу ҳар соат қатлу ғорат ва таркишҳо дар Ливия, Ироқу Сурия, Исроилу Фаластин ва як қатор давлатҳои дигари қитъаи Африко авҷ гирифтани террор, афзудани миқдори ҷавонони маргталаб, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Ин ҳолат мутаассифона ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷумла, Тоҷикистон низ хатари таҳдидӣ дорад. Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, мардуми кишвар, бахусус ҷавонони Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва муқаддас донистани арзишҳои миллиро аз аз ҳар гунна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва мазҳабӣ бояд боло гузоранд.
Равандҳои ҳаёти сиёсии имрӯзаи ҷомеаи муосир тақозо менамояд, ки доир ба пайдоиш ва нишонаҳои ҳар гуна ифроту тафритҳо, ақидаҳои тундгароӣ, ичунин дар бораи зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ҳар як шахс маълумоти кофӣ додшта бошад.
Дар идомаи суханронӣ дар самти сиёсати хориҷии кишвар, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ва дар маҷмуъ вазъи иқлими сайёра василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт арзёбӣ намуд.
Лозим ба қайд аст, ки Тоҷикистон дар соли 2024 боз як соли - буҳрони молиявию иқтисодиро аз сар гузаронид. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат соли 2024 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 150 миллард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. ҳамчунон зикр гардид, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст
Ҳамзамон, Президенти кишвар қайд намуданд, ки дар доираи нақшаҳои ҳукумат дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд меёбанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар паёми Президенти мамлакат дарҷ ёфт, ин ба низом даровардани кори мақомоти андоз мебошад, ки ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Сарвари давлат қайд кард, ки бояд ба ҳама ва ҳар як фарди ҷомеа расонида шавад, ки пардохти андоз на танҳо амалияи ба буҷети давлат ворид намудани маблағҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ мебошад, балки бо мақсади пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Яъне бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҳамакнун ҷараёни андозсупориро боз ҳам сода ва шаффоф гардонида, вобаста ба такмили низоми рақамикунонии андоз низ ба сохторҳои дахлдори мамалакат дастур дода шуд. ҳамчунин, масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ ба вазоратҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳаам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад. Гаврчанде ки солҳои қабли буҷети давлатӣ барои аксари соҳаҳо кам карда шуда бошад, вале маблағгузории хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар доираи буҷети тасдиқшуда дар ин давра пурра таъмин гардид. Дар баробари он ҳамасола маблағҳои зиёди иловагӣ, фонди эҳтиётии Президентӣ, фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар захираҳои молиявӣ, инчунин, маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба ин мақсад равона мегарданд. Масалан, дар давоми соли 2024 маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шудааст.
Махсус қайд гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши маориф корҳои бузурге роҳандозӣ гардида, дар натиҷа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4037 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2,3 миллон хонанда ташкил шудааст.
Илова бар ин, аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши илмҳои муосир сохторҳои марбута тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамзамон доир ба худшиносии миллӣ, масъалаҳои ватандӯстию ифтихори ватандорӣ корҳои тарбиявиро дар байни тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шавад.
Дар ин росто Роҳбари давлат чунин қайд намуданд «Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.
Илова бар ин, қайд гардид, ки дар асоси талаботи ҷомеаи имрӯза, ки ба мутахассисони сатҳи баланди касбият ва донандаи забонҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз меафзояд, Тоҷикистон низ ниёз дорад. Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки “Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад”.
Зимни суханрониҳо вобаста ба дигар бахшҳои соҳаи иҷтимоии кишвар аз қабили масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ, ки Ҳукумати мамлакат ба он эътибори хоса дорад, ҳарф зада шуд. Таъкид гардид, ки дар ин соҳаи муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар корҳои ислоҳотсозӣ ҳанӯз ҳам идома ёфта, дар давоми 33 соли соҳибистиклолии кишвар бо истифода аз ҳамаи имкноиятҳо 3076 муассисаҳои тандурустӣ бунёд гардида ва бо таҷҳизоти муосири тиббию озмоишӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, дар бораи бунёди ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДТХ ишора намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби Президенти кишвар ба соҳаи тандурустии кишвар чунин дастури мушахас дода шуд “Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд”.
Мақсади асосии Ҳукумати мамлакат дар ин соҳаи муҳим аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчӣ беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад. Дар татбиқи ин ҳадафҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг нақши ҳалкунанда доранд.
Ҳамзамон, дар Паём таъкид карда шуд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд тамоми захираву имкониятҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ сафарбар намоем.
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат доир ба дурнамои масоили иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон то соли 2030 ибрози ақида намуда, оиди давра ба давра ва боз ҳам суръат бахшидани иқтисодиёти миллӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зинаҳои гуногун вазифадор карда шуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
“Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Хулоса, Паёми Роҳбари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамонро ба таври равшан муайян намудааст. Пас вазифаи имрӯзаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани онҳо аз тамоми воситаю имкониятҳои дар ихтиёрдошта самаранок истифода намоем.
МУОВИНИ ЯКУМИ РЕКТОРИ ДДТХ,
Н.И.С., ДОТСЕНТ АҲМАДИЁН Ш.Р.
БАРРАСИИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ
Санаи 11-уми январи соли 2025 бо иштироки аъзои Раёсати донишгоҳ, ҷиҳати баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, перомуни муҳиммият ва муҳтавои Паём сухан намуд.
Қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро инъикос намуда, барои имрӯзу фардои кору фаъолияти мо як раҳнамову дастури самараноки ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ҳар як роҳбари сохторӣ бояд дар такя ба Паём таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намояд ва дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Ректори донишгоҳ ба тамоми аъзои Раёсат супориш дод, ки дар ҳар як сохтор, кафедра ва деканату факултетҳо матни Паём ба пуррагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва мудирони кафедра ва кураторони гуруҳҳои академӣ бо донишҷӯён низ онро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Инчунин, бандҳои нақши чорабиниҳои донишгоҳиро дар муҳлати муайян ва босифат ба иҷро расонанд.
Хабарнигори сомона.