Рӯзи 22-уми сентябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили ёдбуди қофиласолори назми классикии форсу тоҷик Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Барандагии маҳфилро донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети педиатрӣ Нилуфари Алишер ба ӯҳда доштанд.
Мудири кафедраи забонҳо доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Рустам дар мавзӯи «Зиндагинома ва осори Рӯдакӣ», мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Гулов А. дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафии Маликушушуаро устод Рӯдакӣ», муаллими калони кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои забонии осори Рӯдакӣ» маърӯза хонданд.
Аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён аз осори пурғановати устод Рӯдакӣ порчаҳо қироат карда шуданд. Ба хотири болидагии иштирокчиёни маҳфил донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ Ғайратов Наврӯза бо рақси зебои бадахшонӣ ба маҳфил ҳусни хотима бахшиданд.
Дар ДДТХ маҳифили илмию адабӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор шуд
Written by ADMINРӯзи 30-юми сентябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо чунин суханон ҳусни оғоз бахшиданд.
Имрӯз мову Шуморо ёди бузургворе ба ҳам овардааст, ки тамоми умри пурбаракати хешро сарфи тарбия ва роҳнамоӣ ба сӯи маънавиёти инсоният ҳидоят намудааст, ки уро ном Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аст.
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) яке аз нобиғаҳои адабиёти оламшумули классикии форсу тоҷик мебошад, ки бемуҳобот ба ҳайси бузургтарин суханвар шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст. Ин адибу орифи бузург на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсизабонону Шарқ, балки кулли ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд доранд. Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» низ машҳур аст, дар ганҷинаи тамаддуни оламиён ҷойи сазовореро ишғол кардаанд.
Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёгони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.
Панду андарзҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно барои ҳар як фарди ҷомеа новобаста аз дину мазҳаб, ирқу нажод, забону миллат муассиру судманд мебошанд. Дар замоне, ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва таҷоҳуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд. Боиси хурдсандист, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз мо дар ин толор барои он ҷамъ омадаем, ки бори дигар аз ин орифи бузург ёд оварем, чунки аз нигоҳи Мавлавӣ инсон ҳарчанд ба зоҳир олами хурд аст, вале дар маъниву моҳият олами бузург буда, шарифтарину бузургтарин офаридаи олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад.
Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомеа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарварид.
Мардуми сарзаминро гарчанде манфиатҳои умумии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.
Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки роҳнамои мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату ягонагии ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру замонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.
Ана дар ҳамин шароити нобасомони мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро ба майдони афкори тамаддун андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъд ба эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири амиқе гузошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва суфии сулҳошно инъикос карда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд.
Имрӯз аз даргузашти ин орифи Рум зиёда аз 800 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол эҷодиёти ӯ дили миллионҳо мардуми кураи заминро тасхир намуда, асари оламшумули ӯ «Маснавии маънавӣ» дар радифи беҳтарину нобиғатарин офиридаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Омӯхтани ҳаёту осори ин абармарди орифу тавоно имрӯз ҳам барои ҷавонони мо бояд намунаи ибрати олӣ бошад, чунки сулҳу ваҳдати тарғибнамудаи Мавлоно имрӯз барои кишвари мо аҳамияти бештаре пайдо кардааст».
Баъдан, тибқи барномаи маҳфил муаллими калони кафедераи забонҳо Одинаев С.П., дар мавзӯи «Зиндагинома ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филология Тағоймуродов Р. Дар мавзӯи «Мафҳуми най дар эҷодиёти Мавлоно» баромад намуданд.
Сипас базми шеъру суруд аз эҷодиёти Мавлоно дар иҷрои донишҷуён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Валиева Ш. (гурӯҳи 7 педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Раҷабов Н. (гурӯхи 8-педиатрӣ), Ҳамроев М. (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Абдуллоев М. садо дод. Донишҷӯи гурӯҳи 8-уми педиатрӣ Исмоилзода Мағфират суруди марғуберо аз эҷодиёти Мавлоно сароиданд. Донишҷӯёни гурӯхи 4-уми стоматологӣ – Маҳмадҷонов С., Абдуллоев М., Самадов М. бо суруди дилнишин ва донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ Ғайратова Мавзуна бо рақси шӯрангези худ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ба чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни хотима бахшида, бори дигар таъкид намуданд, ки эҷодиёти пурғановати Мавлои Рум барои худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдату ягонагии мардуми кишварамон, махсусан ҷавонон нақши муассире дорад.
Кафедраи забонҳо
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ ДАР КУШОДАШАВИИ ТОЛОРИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ОСОРХОНА-МАМНӮЪГОҲИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАНҒАРА
Санаи 5.09.2016сол, соати 10.30 донишҷӯёни гурӯҳҳои 9 ва 10, факултети педиатрии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ҳамроҳии Раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ н.и.х., Усмонова У.Х. ва Раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ Раҳимов Х.С. дар кушодашавии толори “Пешвои миллат” дар осорхона-мамнӯъгоҳи Ҷумҳуриявии Данғара иштирок намуданд.
Донишҷӯёнро директори осорхона-мамнӯъгоҳи Ҷумҳуриявӣ Сангалиева Матлуба Амиршоевна ва кормандон самимона пешвоз гирифтанд.
Аз кушодашавии чунин як толоре, ки кас аз он як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирад, донишҷӯёни мо хеле хурсанд буданд. Бо шавқу ҳаваси беканор осори таърихӣ ва нигораҳои онро тамошо намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби кормандон ҷавоб мегирифтанд.
Донишҷӯи гурӯҳи 9-педиатрӣ Нилуфари Алишер ба мухбирони “Шабакаи якум” таассуроти худро оид ба чорабинии имрӯза иброз намуда гуфт: “Имрӯз мо ҳамроҳи як гурӯҳ донишҷӯён бо омӯзгорони худ барои тамошои осорхона-мамнӯъгоҳи Ҷумҳуриявии Данғара омадем, ки бо таърихи куҳани ноҳияи Данғара шинос шуда, дар кушодашавии толори “Пешвои миллат” иштирок намуда, барои худ маълумот бигирем. Мо донишҷӯён аз он ифтихор мекунем, ки дар ноҳияи Данғара таҳсил менамоем. Пешвои миллат, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки ”Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Мо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ кӯшиш мекунем, ки дар оянда саҳми худро барои кишвари азизамон-Тоҷикистон гузорем”.
Баъдан, аз ҷониби кормандон тамоми осори таърихии осорхона-мамнӯъгоҳ ба донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.
Шурои занон ва духтарони донишгоҳ
ОҒОЗИ ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Рӯзи 1-уми сентябри соли 2016 як гурӯҳ устодону донишҷӯёни таълимгоҳи навтаъсиси ДДТХ бо сарварии ректори донишгоҳ узви вобастаи АИТ назди ВТҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдуллои Қурбон дар ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Баъди анҷоми ин чорабинии хотирмони сиёсӣ дарсҳои нахустин дар Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон дар се факултет – тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ оғоз гардиданд. Аввалин дарсҳои лексионӣ аз фаннҳои таърихи халқи тоҷик, диншиносӣ аз ҷониби номзади илмҳои фалсафа, дотсент Гулов А.А., аз фанни физикаи тиббӣ аз ҷониби номзади илмҳои физикаву математика Ситамов С., аз фанни биология аз ҷониби номзади илмҳои биологӣ, дотсент Чориев С. ва химия номзади илмҳои химия Усмонова У. ба донишҷӯён хонда шуданд. Устодони варзида сараввал донишҷӯёнро бо моҳияти дарси сулҳ ва асосҳои ин фанҳо шинос намуда, инчунин бештар деонтологияи тиббӣ, мафҳумҳои асосии дар ин фанҳо истифодашавандаро баррасӣ намуданд.
Ба муносибати ҷашни 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Written by ADMINИмрӯз дар толори фарҳангии ДДТХ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Абдуназаров Х. дар мавзуи “Таърих ва роҳҳои тайнамудани тоҷикон ва нақши Истиқлолият” маъруза намуд. Сипас донишҷӯёни курси аввал –Эмомова Муборак, Ғайратова Наврӯза ва Комилова Бибисо дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ватан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.
Воқеан, баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бо шарофати истиқлол кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пай дар пай дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва миллӣ назаррас буда, гузариш ва муносибатҳои нави ичтимоию иқтисодӣ ҳарчи бештар густариш меёбанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан ба талаботи иқтисоди бозории ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад.
Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти ичтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо сохт.
Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу одил, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистони азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гашта, давлат орому миллат осуда гардид.
Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.
Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекӯшад. Рамзҳои асосии давлати мо Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, пули миллӣ мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик бо фахри бузурги миллӣ аз дастовардҳои шоёни истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сотмонҳои НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтӯда-2, роҳи мошингарди Бадахшон, нақби Истиқлолу Шаҳристон ва Шар-Шару Чормағзак роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ва бахусус, ободкориҳои зиёди шаҳрҳои саноатии мамлакат, ки ба таври шинохтанашаванда симои худро тағйир додаанд, имрӯз бо ҳисси ифтихору сарбаланди ҳарф мезананд ва дар ҳар сари қадам шукри озодию истиқлолро мекунанд.
Дар ҳақиқат дар як муҳлати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари шукуфону обод табдил ёфта, чи дар соҳаи иқтисод ва чи дар сиёсату иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, эътибори худро дар ҷомеаи ҷахонӣ хеле баланд намуд. Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи аксар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ташаббусҳои неки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли давлатҳои қудратманди ҷаҳонӣ ҳамеша бо майли том дастгирӣ ёфта, пойтахти азизи кишварамон бошад, ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҷашни бузурги Истиқлолият муборак, устодон ва донишҷӯёни азиз!
«Реаниматсияи навзодон»
Имрӯз дар беморхонаи ноҳиявии н.Данғара семинарии тахассусӣ дар мавзуи «Реаниматсияи навзодон» бо иштироки сардухтури беморхона, муовинони сардухтур, табибони хамаи ихтисосхои соҳаи тиб ва шуъбаҳои беморхона, донишҷӯёни курси 6-уми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва инчунин бо иштироки сардори шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илм, дотсент Кузибоева Н.К. баргузор гардид. Маърузачӣ табиби неонатологи беморхона Муминова Р. бо маъруза баромад намуда, ба хозирин оид ба усулхои муосири ёрии реаниматсионӣ ба навзодон дар шароити таваллудхона маълумот дод. Табиби беморхона Азимов М., ки таҷрибаи зиёди корӣ дар ихтисоси реаниматология дорад дар ин семинар дар ҳолатҳои амалия чи гуна ёри расонидан ба навзодони вазнини махорати хуби касбии худро нишон доданд. Дар раванди семинар мехмонон аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - дотсентон Носироов К.Н, Хокироев Т.З ва пешбарандагони Лоиҳаи ислоҳоти баронмаи факултети тиббӣ аз ш.Калгарии Канада профессор Хизер Бакстер иштирок карданд. Дар рафти кори семинар табибон аз таҷриба ва дастовардҳои навини худ маълумоту иттиоллоти хоса пешниҳод намуда, ҳамзамон саволу баҳсҳои илмиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Шуъбаи таълим