Номгӯи адабиётҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёни курси аввал
Номгӯи адабиётҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёни курси аввал
Дар ҳақиқат, китоб манбаи дониш буда, тамоми бузургон ва донишмандони гузаштаи мо китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста онро «Аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ » пиндоштаанд. Китобхонию китобдӯстӣ шахсро ҳатман ба қуллаҳои мурод мерасонад ва мартабаашро дар байни ҷомеа баланд мебардорад. Инсонро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои оғози машғулиятҳо дар соли таҳсили 2016-2017 омодагиҳо гирифта, бо мақсади боз ҳам иттилоотнок гардондани донишҷӯёни нахустини худ, номгӯи китобҳои тавсиявиро барои фанҳое, ки дар курси аввал истифода бурда мешаванд, пешниҳод менамояд:
Фанни анатомияи одам
1.М.Г.Привес, Н.Г Лысенко, В.И.Бушкевич –Анатомия человека
2.М.Р.Сапин –Анатомияи одам ,том -1-2.
3.Ф.А.Абдураҳмонов-Анатомии человека, том-1-2
- Х.М. Сафаров ,Ф.А.Абдураҳмонов –Атласи мухтасари анатомияи одам
5.Р.Д.Синельников –Атлас анатомия человека, том-1,2,3
6.В.П.Воробьев –Атлас анатомия человека
7.В.Н.Тонков –Анатомия человека,
8.Г.Ф.Иванов Анатомия человека,том 1-2
Фанни забони тоҷикӣ
- Арзуманов С. Забони тоҷикӣ
- Асозода Х.,Кабиров Ш.,Анварӣ С. Забон ва адабиёти тоҷик
3.Бобомуродов Ш. Ҳамсадоҳои такрор дар забони адабии ҳозираи тоҷик
4.Бозидов Н. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик
5.Ғаффоров Р.,Ҳошимов С., Камолиддинов Б-Услубшиносӣ
- Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши имлои забони тоҷикӣ
- Грамматикаи забон ва адабиёти тоҷик
- Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши аломатҳои китобӣ
- Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣ
10.Девони одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
11.Забони адабии ҳозираи тоҷик қисми 1-2
12.Имлои забони тоҷикӣ
13.Исматов С.,Қурбонов С.,Ҷӯраев Б. Калимаҳои ташдиддор
14.Кабиров Ш.Тӯраҳасанов К.,Аюбова М.,Саидҷаъфаров О.,Қурбонов С. Забони тоҷикӣ
15.Кабиров Ш.,Исматов С. Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ва тоҷикӣ
16.Кабиров Ш. Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ
Фанни таърих
1.Раҳмонов Э.Ш.Тоҷикон дар оинаи таърих 1.От арийцев до Саманидов
2.Раҳмонов Э.Ш.Таджикистан по пути демократии и цивилизованного общества
3.Гафуров Б.Г. Таджики
4.История таджикского народа
5.А.С.Саидов., Х.К Иброҳимов История таджикского народа
Фанни биология
1.Холбегов М.Ё., Ашуров А.Т. Биологияи тиббӣ. (курси лексияҳо)
2.Биология. Исмоилова Л.,Баҳромов А.М
3.Исмоилова ва дигарон Биологияи тиббӣ
4.Жимулёв И.Ф. «Общая и молекулярная генетика»
5.Гайнутдинов И.К., Юровская Э.Д. Медицинская генетика
Фанни химия
1.Общая химия.Биофизическая химия.Химия биогенных элементов
учебник для медицинских вузов.Ю.А.Ершов ,В.А Попков
2.Практикум по общей химии.Биофизическая химия .Химия биогенных элементов.Учебное пособие.
3.Ҳоҷибоев Ю.,курси лексия аз кимиёи биоорганикӣ
4.Ҳоҷибоев Ю., матни лексияҳо
5.Тюкавкина Н.А.,Бауков Ю.И биоорганическая химия
- Общая химия.Биофизическая химия. Химия биогенных элементов учебник для медицинских вузов Ю.А.Ершов., В.А.Попков., А.С. Берлянд
7.Сборник задач и упражнений по общей химии. В.А.Попков., С.А.Пузаков
Фанни забони лотинӣ
1.Чернявский М.Н. Латинский язык и основы медицинской терминологии
2.Асосҳои истилоҳоти тиббӣ
- Асосҳои истилоҳоти клиникӣ ва фармасевтӣ
Фанни информатика
1.Фигурнов Ю.В.IВМ для пользователя.Краткий курс
2.Микяев А.А.Настольная книга для пользователя IBM РС
3.Омельченко В.П. практикум по медицинской информатике
4.Симонович А.А. практческая информатика
5.Аслонова Х.М., Солиев А.Г. информатика
6.Аслонова Х.М.,Сайфуллоев З.У информатикаи тиббӣ
7.Маҷмӯи корҳои лабараторӣ аз фанни информатика
Фанни физикаи тиббӣ
1.Н.М.Ливенцев.Курс физики для медвузов
2.А.Н.Ремизов Медицинская и биологическая физика
3.Дж.Мерион .Общая физика с биологическими примерами
4.Ю.А.Корнеев ,А.П.Коршунов ,В.И.Погадаев .Медицинская и биологическая физика
5.В.А.Владимров ,Д.И.Рощупкин, А.Я.Потопенко Биофизика
Фанни забони англисӣ
1.А.М.Маслова, З.И. Вайнштейн, Л.С.Плебейская китоби забони англисӣ барои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
2.Луғатҳо:луғати англисӣ-русӣ, луғати русӣ-англисӣ,луғати тиббии русӣ-англисӣ,англисӣ –русӣ
3.Китоби дарсӣ : Забони англисӣ барои навомӯзон З.А.Муҳамадиева,
М.М.Акбарова , Г.Ҳ.Мирзоева
Фанни диншиносӣ
1.Абдуллозода Ш. Асосҳои диншиносӣ
2.Таърихи динҳо
3.Угринович Д.М Введение в теоретическое религиоведение
4.Васильев Л.С. История религии Востока
5.Абдулҳаев К.А. Основы эволюции идеи Бога в семитских религия
Фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография
1.Холбеков М.Ё. ва дигарон Курси лексияҳо аз фанни география
2.В.П.Максаковский.Экономическая и социальная география мира
3.Ю.Н.Гладкий, С.Б.Лавров Экономическая и социальная география мира
4.Борисов В.А.Демография
5.Бутов В.И.Демография
Фанни забони русӣ
- Юлдошев У.Р. “Учебное пособие для практических занятий по русскому языку для в Таджикском государственном медицинском университете ” (для студентов 1 курса)
- Юлдошев У.Р., Должикова В.А., Хайрова Х.И. “Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов 2 курса медицинского университета”
- Юлдошев У.Р. “Обучение сочетаемости слов по теме “Моя специальность” (Методические разработки по русскому языку для студентов-медиков)”
Тамдиди мӯҳлати пардохти маблағи шарнома
Комиссияи қабули ДДТХ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки дар муҳлати муқарраршуда оид ба пардохти маблағи таҳсили гурӯҳҳои шартномавӣ то имрӯз 75% маблағҳои худро пардохт намудаанд. Барои ба пуррагӣ анҷом ёфтани қабули маблағҳои донишҷӯёни шарномавӣ муҳлати ниҳоии пардохт то 10.06.2016 дароз карда мешавад. Аз нафароне, ки то имрӯз маблағи шартномаро пардохт накардаанд дархост карда мешавад, ки то санаи муайяншуда маблағи шартномаи таҳсилро ба суратҳисоби бонкии ДДТХ пардохт намоянд.
Аз довталабоне, ки маблағи таҳсилро дар дигар филиалҳои Амонатбонк супоридаанд хоҳиш карда мешавад, ки бо мо бо телефони 8331221034 дар тамос шаванд.
Суратҳисоби бонкии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
ҲИСОБИ МАХСУСИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ н.ДАНҒАРА
АМОНАТБОНК ДАНҒАРА №59
р/с 20204972600034359000
к/с 20402972316264
БИК 350101626
Маблағи пардохти таҳсил барои як сол вобаста ба факултет:
ТИББӢ – 7700 ПЕДИАТРӢ – 6160 СТОМАТОЛОГӢ – 8690
Озмӯни ишғоли вазифаҳои холӣ доир гашт
Имрӯз барои ишғоли вазифаҳои холӣ барои омӯзгорон дар ДДТХ озмӯн баргузор гардид.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъсис ёфта, ки мақсад аз ташкил ёфтани ин муассисаи олӣ қонеъ намудани талаботи кишвар бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ба мутахассисони соҳаи тиб мебошад.
Лозим ба қайд аст, ки ба озмӯн беш аз 50 нафар устодону омӯзгорони варзида аз муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки барои соли якуми таҳсил дар донишгоҳи тозабунёд 5 кафедра таъсис дода шудааст ва тибқи нақшаҳо ва сарбории таълимӣ аз 35 воҳиди корӣ иборат мебошад
Зимнан, Донишгоҳи тиббӣ моҳи майи соли равон дар асоси имтиҳоноти қабул 350 нафар довталабони лаёқатмандро ба курси аввал қабул намудааст.
Раёсати донишгоҳ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми воситаҳоро ба кор бурда, барои беҳтар намудани шароиту имкониятҳои таълимӣ ба таври самарабахш кӯшиш хоҳад намуд.
Кӯмакҳо ба донишгоҳи навтаъсиси ДДТХ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ДДТХ таъсис ёфт. Лозим ба қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти таълимии донишгоҳ, дар марҳилаи аввал, донишгоҳ чун дигар муассисаҳои навтаъсис ба кӯмаку дасгириҳо ниёз дорад.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе шахсони хайрхоҳ ба Донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ лавозимоту воситаҳои аёнии таълимӣ ворид гардида истодааст, ки ин боз ҳам барои пешрафту тараққии донишгоҳи номбурда созгор хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъзе шахсони воқеӣ ба донишгоҳ кӯмакҳо ворид гардида буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бошад, ин кори хайр идома ёфта истода, ин навбат санаи 16- уми июни соли равон намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ҳайати мушовири ректор - дотсент, Иззатуллоев К., мудири озмоишгоҳи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Ғаниев Ш., муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Сайдалиев А. ба ДДТХ ташриф оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо ташаббуси ректори ин донишгоҳ д.и.ф/м, Абдулло Ҳабибулло як қатор номгӯи воситаҳои аёнии таълимӣ ба ДДТХ, аз қабили таҷҳизоти озмоишӣ барои муҷаҳасозии кафедраи физикаи биологӣ бо асосҳои информатика, маводу препаратҳои химиявӣ барои кафедраҳои химия ва биология ҳамчун тӯҳфа пешниҳод гардид.
Раёсати донишгоҳ барои чунин дастгириҳо бевосита ба ректори ДДК, Абдулло Ҳабибулло ва тамоми коллективи ин даргоҳ изҳори сипосмандӣ менамояд.
Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа
Ҳамкориҳо ва корҳои муолиҷавии ДДТХ бо БҶК дар ноҳияи Данғара вусъат меёбанд.
Written by ADMINДар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта даҳ фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб се миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад».
Оре, ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас буданд, имрӯз таъминанд.
Ин омил замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар робита ба ин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявии клиниӣ таъсис ёфтааст, ки беморхонаи мазкур 22 марти соли 2014 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ ифтиттоҳ ёфтааст. Сохтумон ва таҷҳизотҳои ин муассиса бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯйи меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ буда, дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат мебошад ва дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон барои табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст. Беморхона аз шуъбаю бахшҳои мухталифи соҳавӣ иборат буда, имрӯзҳо ба мардуми ниёзманд аз ҷониби табибони варзида бо сифати баланд кӯмаку хизматҳои тиббӣ, расонида мешавад.
Беморхона то ба имрӯз бо як қатор муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар, аз ҷумла, бо муассисаҳои тандурустии Федератсияи Россия, Белорус, Шветсария, Олмон ва дигар давлатҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда байни беморхона ва донишгох ва ҳамзамон ба роҳ мондани амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ дар ин беморхона, мутобиқи супориши шифоҳии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон – ректори ДДТХ гуруҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхони клникии щаҳрии №5 аз 14 – ум феврали соли ҷорӣ ташкил шуда, барои иҷрои амалиётҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, бо муваффақият фаъолият намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҷарроҳиҳои реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, дар ин давом 68 амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шудааст. Чунончӣ, аз теъдоди умумии беморон 47 нафар бо нишондодҳои тиббӣ, 9 нафар бо нишондодҳои эстетикӣ ва 8 нафар бо нишондодҳои омехта бо ташхисҳои зерин амалиёти ҷарроҳӣ шудаанд; 35 нафар бо деформатсияҳои постравматикии бинӣ ва миёндевор, 5 нафар бо деформатсияҳои модарзодии бинӣ, 2 нафар бо бинии бузург (гигантоназия), 1 нафар деформатсияи пас аз ҷарроҳии скарии лаби боло, 7 нафар бо контрактураҳои пас аз сӯхтагии андомҳо, 1нафар бо скари кашандаи постравматикии ҷоғи поён аз тарафи рост ва бо дигар намудҳои ҷарроҳӣ.
Тибқи маълумоти табибони мазкур, қайд карда мешавад, ки дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ дар тамоми ҳолатҳо оризаҳои хосу ғайрихоса ҷой надоштанд. Пас аз анҷоми ҷарроҳиҳои мазкур ҳамарӯза то ба 10 нафар эҳтиёҷмандон, ки минбаъд табобат ва ё ҷарроҳӣ мегарданд, аз тарафи аъзои гуруҳ маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Роҳбарияти донишгоҳ ба маъмурияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара, ба хусус сардухтури он номзади илмҳои тиб, Шамсзода Х, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ба гуруҳи табибони микроҷарроҳ, ки онҳо дар навбати худ бо маҳорати касбиашон ба аҳолии ноҳияи Данғара ва дигар истиқоматкунандагони вилоят кӯмакҳои ройгон мерасонанд, изҳори миннаторӣ ва қаноатмандии хоса изҳор менамояд.
Дар воқеъ, ин тарзи ҳамкорӣ боиси дастгирӣ буда, кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар минбаъда низ доранд чунин таҷрибаҳои ҳамкориро бо беморхонаҳои вилояти Хатлон идома диҳанд.
Шуъбаи таҳлил, назорат
ва робита бо ҷомеаи ДДТХ
Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара
Шумо нуқсонҳои мавҷудаи узвҳои баданатонро бартараф кардан мехоҳед? Ва ё ба зебо гардонидани симои зоҳирии худ эҳтиёҷ доред?
Пас ба Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара муроҷиат намоед!
Мутахассисони шуъба барои ниёзмандон амалиётҳои зерини ҷарроҳиро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас анҷом медиҳанд:
- реплантатсия (пайвандсозии андомҳои кандашуда) ва реваскуляризатсияи (барқарор кардани хунгардиш) сегментҳои кандашудаи андомҳо;
- барқарор кардани бандакҳои рагу асабии буридашуда;
- нигоҳ доштани сегментҳои калон ҳангоми травмаи вазнини андомҳо;
- аутотрансплантатсияи бофтаҳо;
- гузоштани фистулаи артерио-венозӣ барои гузаронидани гемодиализ;
- остеосинтези усухонҳои калони андомҳо ҳангоми шикасти устухон дар якҷоягӣ бо осеби рагҳои хунгузар ва ғайра;
- аутотрансплантатсияи (аз як мавзеъ ба мазеи дигар кӯчонидан) комплекси бофтаҳо;
- барқарор кардани бандаки рагу асаби андомҳо ҳангоми осеби пештар гирифтаи онҳо;
- гузоштани анастомозҳои тестикуло-илеакалии варидӣ ҳангоми бемории варикоселе;
- траспозитсияи (ҷойивазкунии) мушакиву тендонӣ ҳангоми осеби кӯҳнашудаи асабҳои андомҳо;
- бартараф кардани контрактураи скарии пас аз сӯхтани андом бо усулҳои пластикаи мавзеӣ;
- амалиётҳои реконструктивӣ ҳангоми контрактураи ишемикии Фолкман;
- реконструксияи тендонҳову мушакҳо ҳангоми дефектҳои постравматикӣ;
- бартараф кардани ҳернияҳои вентралӣ бо технологияи абдоминопластика.
- бартарафсозии нуқсони модарзодӣ ба мисли каҷгарданӣ;
- сохтани гӯшҳо;
- ислоҳи лабчокии модарзодӣ;
- резексияи шохаи дарунии асаби ҳалқии болоӣ дар беморони диққи нафас (астмаи бронхиалӣ);
- уретропластика ҳангоми эпи ва намудҳои гуногуни гипоспадия;
- бартарафсозии деформатсияи модарзодии узви таносули мардона;
- барқарорсозии найчаи бачадон ҳангоми ҳамли дохилинайчагӣ;
- рафъи часпишҳои пурра ва нопурраи пӯсти байни ангуштон ҳангоми синдактилия;
- бурида гирифтани холҳои калон ва невусҳои пигментӣ ва ғ.
Амалиёти эстетикӣ – ин истифодабарии усулҳои ҷарроҳии пластикӣ бо мақсади беҳтарсозии симои зоҳирӣ ва чеҳраи инсон аст. Ин амалҳо ба мардум имкон медиҳанд, ки аз баъзе мушкилоти вобаста ба саломатии худ раҳо шаванд ва то ҳадде шакли дилхоҳи зоҳирии худро дарёфт намоянд ва аз намуди зоҳирии худ розӣ бошанд. Ҷарроҳии эстетикӣ дар худ фарогири чунин амалиётҳост:
- Ҷавонсозии рӯй (фейслифтинг) ҳангоми пайдоиши ожангҳои синну солӣ;
- лифтинги мавзеи пешона;
- пластикаи пилкҳо (блефаропластикаи болоӣ ва поёнии пилки чашмон;
- пластикаи пилкҳо ҳангоми деформатсияҳои скарӣ ва дефектҳои посттравматикӣ;
- пластикаи бинӣ (ринопластикаи кушода ва пушида);
- пластикаи сӯфраи гуш (отопластика);
- пластикаи лабҳо (хейлопластика);
- пластикаи манаҳ (ментопластика);
- пластикаи мавзеи гардан;
- пластикаи шикам (абдоминопластика, липосаксия);
- бурида гирифтани ташкилаҳои хушсифати бадан (гемангиома,
фиброма, липома ва атерома);
- хурду калонсозии ғадуди шир (маммопластика);
- сохтани ғадуди шир пас аз амали ҷарроҳии мастэктомия;
- амалиёти шинонидан ва боло бардоштани абрувон;
- амалиёти шинонидани (трансплантатсия) мӯйи сар ба шахсони тоссар.
Ғайр аз амалҳои микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар ШМҶРП ҳамчунин амалҳои ҷарроҳии умумӣ аз қабилӣ ҷоғар (зоб), тамоми намудҳои чурраи навзодон ва калонсолон, эхинококкэктомия ва амалҳои ҷарроҳӣ дар рагҳои хунгард бо истифода аз техникаи претсизионӣ (истифодаи асбобҳои микроҷарроҳӣ, маводҳои дӯхти нозук ва калонкунии оптикӣ) иҷро карда мешаванд.
Ба ниёзмандони ин гуна хизматрасониҳо ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30 ва рӯзи шанбе аз соати 09:00 то соати 12:00 аз тарафи доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Убайдулло Қурбон муоина ва маслиҳатҳои тиббии ройгон дода мешавад.
Барои донишҷӯёни ниёзманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ШУЪБАИ МИКРОҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ ВА ПЛАСТИКӢ САРИ ВАҚТ ИСТИФОДА БАРЕД!
Суроға: 734003; шаҳри Душанбе, шаҳраки тиббӣ, кӯчаи Санои 33.
Маркази Ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг. Ошёнаи дуюм.
Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ.
Телефонҳо барои тамос: 907-71-51-21; 907-76-92-29; 935-27-20-23.
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.