Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

19 - уми  апрели соли 2023 дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун соли Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Озмуни “Расму тасвирҳои беҳтарин, мусаввараҳои пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати зебо” баргузор гардид. 

            Дар озмуни мазкур 25 нафар донишҷӯ бо тасвиру мусаввараҳои марбути пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати зебо иштирок намуданд.

            Ҳайати ҳакамон аз байни 25 нафар  донишҷӯи курси якуми гурӯҳи 103-и  факултети стоматологӣ Ғафоров Б.А.-ро  сазовори ҷои якум донистанд.

            Донишҷӯи курси якуми гурӯҳи 108-и факултети тиббӣ Собиров Б.Б. ва донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 207-и факултети  тиббӣ Ҳакимов Х.Х. сазовори ҷои дуюм гардиданд.

           Ҷойи сеюмро курси якуми гурӯҳи 101-и факултети тиббӣ Сиддиқов И. А., донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 207-и факултети педиатрӣ Муминов П. И. ва донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 302-и факултети педиатрӣ Шокирова Д. Р. ишғол намуданд.

            Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорон ва омӯзгорон ғолибонро табрику таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳои бузург таманно менамоянд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

14 - уми апрели соли равон дар кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи “Гепатити вирусии В ва С” дарси кушод баргузор гардид. Дарси кушоди мазкур дар гурӯҳи 505-и курси панҷуми факултети педиатрӣ аз ҷониби омӯзгор Эшматов С. гузаронида шуд.

            Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т.  Алиев А.А., профессори фахрӣ Должикова В.А. ва омӯзгорон аз кафедраҳои химия ва биологияи тиббӣ, фармакология ва микробиология, бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология  иштирок карданд.

Дар раванди дарс  аз воситаҳои технологӣ  истифода бурда, дар доираи мавзуъ презентатсия ва видеоролики хурд нишон дода шуд.

            Cардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгор дар гузаронидани дарсҳои минбаъда тавсияҳои методӣ дод.  

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

       11 - уми апрели соли равон дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи мазкур Сармисоқова Х.Ҷ. маҳфили илмии “ Модари солим - ҷомеаи солим” дар мавзуи “Нақши соҳаи акушерӣ дар тиб” баргузор гардид.

     Дар маҳфил мудири кафедраи акушерӣ - гинекологӣ ва тибби оилавӣ н.и.т. Шокирова У.Ғ., мудири кафедраи ҷароҳии №2 доктор PhD Норматова М.А., мудири кафедраи анатомияи паталогӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т. Алиев А.А.,  омӯзгорони кафедраҳо ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ   иштирок карданд.

      Аъзои маҳфил ба чор гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар як гурӯҳ оид ба давраи ҳайзбинӣ, бордоршавӣ, ҳомиладорӣ ва равиши он маълумот доданд.

         Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Шукуров А. бо иҷрои  суруд дар васфи модар хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

         Барои боз ҳам мустаҳкам кардани дониши донишҷӯён оид ба мавзу ба донишҷӯён саволҳои санҷишӣ дода шуд. Донишҷӯён ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

         Мудири кафедраи акушерӣ - гинекологӣ ва тибби оилавӣ Шокирова У.Ғ маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Чоршанбе, 12 Апрел 2023 00:00

ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  моҳи апрели соли равон боз ба як дастоварди назаррас ноил гардид.

         7 - уми  апрели соли 2023 ассисенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии  № 1-и ДДТХ Холов А.Д. рисолаи номзадиро дар мавзуи «Баҳодиҳии муқоисавии натиҷаҳои усулҳои гуногуни геморроидэктомия ҳангоми геморрои музмин» аз рӯи ихтисоси 3.1.9. “Ҷарроҳӣ”  сарбаландона ҳимоя намуд.

         Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати омӯзгорону  профессорон ва донишҷӯён Холов Акмал Давлаталиевичро барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва шарафёб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб самимона табрик ва муборакбод намуда, барояш  комёбиҳои беназир таманно доранд.

РАЁСАТИ ДДТХ

       5 - апрели соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ ва такмили ихтисоси нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ ва соҳавӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Вазифаҳои нави матбуоти даврӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”  бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

    Дар семинари мазкур масъалаҳои матбуоти даврии ноҳиявӣ ва вилоятӣ мавриди баррассӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки холӣ мондани фазои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бар зарари ҷомеа мебошад.

      Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар семинари мазкур муҳаррири масъули рӯзномаи “Пайки шифо” Ошурмаҳмади Саркорӣ иштирок намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

4-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳо - манбаи обҳои ширин” бахшида ба соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор гардид.

            Дар конференсия ҳайҳати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

            Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Гулов А.А. кноференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

            Омӯзгорони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М.Т., Худоиев С.С. ва Шомуродов М.Ҳ. дар мавзуъҳои “Мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо ҳамчун манбаи обҳои ширин дар курраи замин”, Меъёрҳои биохимиявии талаботи об дар организм” ва “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

             Дар идомаи Конференсияи илмӣ - амалӣ донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ва Рустамқулова Г. дар мавзуъҳои  “Пешвои миллат оқилест андар сайёра” ва “Эълони  соли ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон - нишонаи дурандешии Пешвои муаззами миллат”  маърӯза карданд.

            Ҳамзамон, донишҷӯи курси чоруми факултети тиббӣ Гулматов Р. дар мавзуи “Омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим”  маърӯза кард.

            Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. конференсияро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки маърузаи пурмуҳтаво карда буданд, изҳори сипос намуд.

МУОВИНАТИ ИЛМ

ВА НАШРИЯ

Page 12 of 128

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид