Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Рўзи якуми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври ниҳоии 1-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон донӣ –ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бахшида ба Рўзи забони давлатӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Хатлон се нафар донишҷўён –донишҷўйи курси якум Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ, донишҷўи курси чорум Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ ва донишҷўи курси шашум Султонов Султон ширкат варзиданд. Ду нафар донишҷўёни донишгоҳ - Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ сазовори ҷойи сеюм ва Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Кафедраи забонҳо

Tuesday, 08 October 2024 00:00

Ғолибият муборак!

Рўзҳои 16-ум то 21-уми  сентябри соли 2024 даври сеюми (вилоятии) озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурўғи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 4-ум    Худойбердиев Ҳайдар аз рўйи номинатсияи биология сазовори ҷойи 1-ум, донишҷӯи курси 2-юм   Худойқулов Беҳзод сазовори ҷойи 2-юм аз рўйи номинатсияи физика, донишҷӯи курси 5-ум  Пиров Вайсиддин сазовори ҷойи 2-юм аз руи номинатсияи физика, донишҷӯи курси 1-ум Мирзоев Шуҳрат аз рўйи номинатсияи биология сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯи курси 2-юм      Раҳимов Умаралӣ   аз  рӯйи номинатсияи химия сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Нурова Эътибора сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ бошад, мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Пиров Бахтиёр Сайдуллоевич сазовори ҷойи 3-юм гашт.

Муовинати илм ва нашрия

Санаи 26-уми сентябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ” маҷлиси тантанвӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба “Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ”-ро барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.

Мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ”, омўзгори кафедраи забонҳо Сатторова М. дар мавзуи «Зиндагиномаи Ҷалолиддини Балхӣ маърузаҳоро пешниҳоди ҳохизрин намуданд. Қайд карда шуд, ки  бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ   аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон   шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. ҳикоятеро аз «Маснавии маънавӣ»-и орифи бузурги машриқзамин Ҷалолиддини Балхӣба забони русӣ  барои ҳозирин қироат намуданд.

Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ ва донишҷӯёни соҳибистеъдоди курсҳои аввал, ки аз ҷониби кафедраи забонҳо омода карда шуд, зиннатбахши чорабинии мазкур гардид. Аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ қироат карда  шуданд.

Дар фарҷом, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х.ба роҳбарият ва ҳайати кафедраи забонҳо ва аҳли ҳунари донишгоҳ барои баргузории чунин барномаи Ҷолиби адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда,   дигарбора  таъкид намуданд, ки   шеъру таронаҳои дарёӣ, фикру андешаҳои уқёнусӣ ва панду ҳикматҳои   туғёниву тӯфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ –яке аз номбардортарин зодагони Модари бузургонофарини тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳои мутамодӣ моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд, ба сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву Худошиносӣ ҳидоятамон мекунанд.

Кафедраи забонҳо.

Санаи 28-уми сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшида, аъзои ҷаласаро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рўзнома декани факутетҳои тиббӣ ва стоматологӣ н.и.т. Холзода Ш.И. оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии тобистонаи донишҷӯён ахбор пешниҳод намуд.
Аз рўйи масъалаи дуюми рўзнома мудири бахши хоҷагӣ-маъмурии донишгоҳ Камолов Д.Ғ. дар бораи рафти корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024-2025 маълумот пешниҳод намуд.
Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Раҳимов Х.С. оид ба вазъи тамини ҲПО ва донишҷўёни донишгоҳ бо хонаҳои истиқоматӣ ва хобгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 ахбор пешниҳод карданд.
Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ бошад, як қатор лоиҳаҳои қарорҳо баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Хабарнигори сомона

Яке аз вазифаҳои Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ин бо адабиётҳои илмӣ ва таълимӣ ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Дар робита ба ин, маъмурияти Китобхонаи донишгоҳ тамоми чораҳои амалиро мавриди иҷро қарор додааст. Бо зиёд шудани теъдоди қабули довталабон дар соли таҳсили 2024-2025 зарурият ба миён омад, то фонди китобхона такмил дода шавад ва китобҳои тозанашри таълимӣ, бо ба инобат гирифтани шумораи донишҷӯён, дастрас гардонида шаванд.

Маъмурияти китобхона ҷиҳати иҷрои Нақшаи «Такмили фонди китобхона бо адабиёти таълимӣ” аз муассисаи нашриявии “ГЭОТАР –МЕДИА” 92 номгуй адабиёти таълимии тозанашрро ба миқдори 1330 нусха харидорӣ ва ба китобхонаи донишгоҳ ворид намуд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳо бо адабиёти таълимӣ таъмин бошанд. Дар ҳамбастагӣ ба ин ба баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён саҳми такони тоза бахшида шавад.

Китобхонаи донишгоҳ.

     
     
     
     





                                                                       





Санаи 22-юми сентябри соли 2024 ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ректори донишгоҳи мазкур профессор Ҳоҷиакбар Айса ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овард. Ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чинро Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии мубодила ва таблиғоти тиббӣ ва тандурустии Чин ва ҳамзамон, Академики Академияи муҳандисии Чин профессор Хан Демин, муовини директори Маркази кашф ва рушди маводи мухаддири Осиёи Марказӣ дар Академияи илмҳои Чин, Ph.D., хонум Чжао Тсзянюй, мудири кафедраи химияи органикии Донишгохи давлатии Самарқанд, д.и.х., профессор Хуршед Бозоров ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон - директори Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.х., Содиқ Нуъмонов, ходими калони илмии Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.ф. Исомиддин Гулмуродов ҳамроҳӣ доштанд.

Ҳадафи ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ДДТХ ин аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои таълимию таҷрибавӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманди байни ду донишгоҳ мебошад.

Ҳайати меҳмононро профессор Убайдулло Қурбон ва аъзои Раёсат дар даромадгоҳи Бинои асосии донишгоҳ пешвоз гирифтанд ва тибқи хатсайр меҳмононро бо синфхонаҳои намунавӣ, китобхонаи электронӣ, толори хониши китобхона ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ шинос намуданд.

Сипас, дар толори Шурои олимон вохӯрии ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Роҳбарияти донишгоҳ ва аъзои Раёсат сурат гирифт. Ректори ДДТХ профессор Убайдулло Қурбон пас аз сухани муқаддимавӣ аз фаъолияти 8-солаи донишгоҳ, имконияту шароит, дастовардҳо ва ҳамкориҳои судманди донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Инчунин, аз муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумакҳои башардӯстона, бахусус, дар соҳаи тандурустии кишвар, ёдоварӣ намуд.

   

Дар навбати худ, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии мубодила ва таблиғоти тиббӣ ва тандурустии Чин ва ҳамзамон, Академики Академияи муҳандисии Чин профессор Хан Демин аз ҷониби ҳайат суханронӣ намуда, нахуст барои пазироии гарму самимӣ ба Роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, аз муносибатҳои ду кишвари дӯст, ҳамкориҳои судманди ду донишгоҳ, таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ, беморхонаҳои наву замонавӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуд.

Дар фарҷомӣ вохӯрӣ, дар вазъияти тантанавӣ Ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» сазовор гардонида шуд.

Вохӯрии ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар сатҳи баланд доир гардида, ҳамкориҳои тарафайн минбаъд боз ҳам бештар ба роҳ монда хоҳанд шуд.

   
   

Хабарнигори сомона.

Page 2 of 133
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид