Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 14-уми майи соли 2024 Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барномаи адабӣ-мусиқии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар назди сутунпояи Парчами давлатии ҶТ дар ноҳияи Данғара баргузор намуд.

Барномаи фарҳангӣ аз соати 19:00 то 20:30 дақиқа идома ёфта, аз шеъру сурудҳои ватандӯстона, ифтихор аз миллату давлат, дунёи ҷавонӣ ва фазои сулҳу осоиштаи кишвар иборат буд, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ пешниҳоди сокинони ноҳия ва тамошобинон гардонда шуд.

Зикр бояд кард, ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати донишгоҳ доир карда шуд, ки дар он аъзои Раёсат, мудирони кафедраҳо, роҳбарони сохторҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон, тамоми донишҷӯёни се факултет фаъолона ширкат варзиданд.

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мудири фарҳанги ноҳия, муовини директори Қасри ҷумҳуриявии воқеъ дар ноҳияи Данғара ба Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хабарнигори сомона.

Санаи санаи 14-уми майи соли 2024 Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар боғи назди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз соати 17:00 то 18:00 аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро доир намуд.

Дар аксияи мазкур донишҷӯдухтарони факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, омӯзгорзанон ва кормандон бо либосҳои атрасу атлас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ ширкат варзида, тавассути сайругашт дар гулгаштҳо ва дохили боғ либоси миллиро тарғибу ташвиқ намуданд.

Аксияи мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои тарғиботии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид, ки муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ дар ҳамоҳангии Шурои занон ва духтарони донишгоҳ, деканати факултетҳо ва кураторони гурғҳҳои академӣ аксияро дар сатҳи баланд ба роҳ монданд.

 

Хабарнигори сомона.

Чуноне ки маълум аст, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Дар партави ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Раёсати ДДТХ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он як қатор қатор корҳоро то ба имрӯз ба анҷом расонид.

Санаи 07.05.2024 бо ҷалби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

 

Вохӯриро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои вохӯриро ба иштирокчиён фаҳмонида дод. Ҳамзамон, дар мавзуи “Муҳиммияти эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”” маъруза пешниҳод намуда, донистани тамоми паҳлуҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ҳисобид.

Прокурори ноҳияи Данғара, мушовири адлияи дараҷаи 2. – Қодирзода Н.Т. аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён суҳбат намуда, барои саҳм гузоштани донишҷӯён дар баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаро таъкид намуд.

 

Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Данғара Қурбонов И.И. зимни баромади худ аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, оқибати харобоварии шомил шудан ба ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-эстремистидошта, надоштани дониши ҳуқуқӣ ва ба ин сабаб шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан намуд. Қайд дошт, ки миллати бофарҳанги тоҷик бояд ҳама вақт аз тамаддуну маърифати баланди ниёгон ифтихор кунад ва барои ояндагон низ аз худ номи некро гузорад.

Сардори ШКВД дар ноҳияи Данғара Каримзода А. дар навбати худ перомуни “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибрози андеша намуда, перомуни масъалаҳои терроризму экстремизм, қоидавайронкуниҳо, хурофотпарастӣ ва оқибати нанговари шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои номатлуб, риояи намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ аз дағалрафторӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз, ки аз надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш сарчашма мегиранд, суҳбат намуд.

 

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. дотсент Қурбонмамадов С.Х. перомуни ҷанбаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ ва фарҳангии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сухан намуда, риояи ҚҶТ дар бораи «Консепсияи миллии тарбия», ҚҶТ дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ҚҶТ дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд», ҚҶТ дар бораи «Маърифати экологии ањолї» ва дигар қонунҳои амалкунандаро дигарбора ба донишҷӯён ҳушдор дод.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. аз номи Раёсати донишгоҳ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои иштирок дар вохӯрӣ ва пешниҳоди маълумотҳои муфид ба омӯзгорон ва донишҷӯён, изҳори сипос намуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 3-юми майи соли 2024 Конфронси олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронс дар сатҳи баланди ташкиливу илмӣ доир гардида, аз донишгоҳ дар кори конфронс 13 нафар омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол бо маъруза ширкат варзиданд. Пас аз ҷаласаи пленарӣ конфронс кори худро бар бахшҳо идома дод ва иштирокчиён вобаста ба самту ихтисос дар ин бахшҳо бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

 

Дар ҷамъбасти кори конфронс дар баробари дигар иштирокчиён 2 нафар маърузачиён аз ДДТХ сазовори Дипломи дараҷаи II ва 3 нафар сазовори Дипломи дараҷаи III гардиданд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 12-уми апрели соли 2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара мулоқоти раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.

 

Дар вохӯрии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Қурбон У.А. ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара д.и.и. Хайрзода Ш.Қ. аз фаъолияти ин ду муассисаи олии воқеъ дар ноҳияи Данғара маълумот доданд.

 

Пас аз баромади ректорони донишгоҳҳо Раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин дар доираи Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, рушду такомул бахшидани донишу малакаи ҷавонон, саҳмгузории ҷавонон дар пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо омӯзгорон ва донишҷӯён суҳбат намуд.

  

Суҳбату вохӯрии Раиси ноҳия хеле судманд ва ба нафъи кор буд ва дар ташаккули минбаъдаи сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён таъсири мусбати худро хоҳад расонид.

Хабарнигори сомона.

Чуноне ки маълум аст, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Дар партави ин дастури Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки бо муаасисаҳои олӣ ва миёнаи касбии воқеъ дар ҳудуди вилоят, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳия ва дигар табақақои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо доир намояд.

 

Дар ин радиф, санаи 25-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чунин вохӯрӣ бо иштироки Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Сафарзода Ғ., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Насриддинзода Р., Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдуллозода Ф. бо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ доир гардид.

Вохӯриро муовини аввали ректори ДДТХ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳоро ба иттилои ҳозирин расонид.

Сипас дар навбати худ Сардори Раёсати маорифи вилоят Сафарзода Ғ., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Насриддинзода Р., Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдуллозода Ф. ба сухан баромада, аз эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, муҳиммияти донистани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, риояи қонуну қоидаҳои амалкунанда, ташаккул додани маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҳиссагузор будани донишҷӯён – ҷавонони кишвар дар ин ибтикори навбатии Пешвои миллат, суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ муовини аввали ректори ДДТХ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳои судманд ба намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз номи роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокчиён изҳори сипос намуд.

Хабарнигори сомона.

Page 1 of 128

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид