Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Санаи 7-уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба "Рӯзи Модар" маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Модар-вуҷуди ҳаётофарин" баргузор гардид.

Нахуст, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро бо ҷашни пур аз меҳру садоқат ва самимият – "Рӯзи Модар" табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: "... Таҷлил менамоем аз ҷашне, ки ба латифтарину нозуктарин офарида муатааллиқ асту садрангии табиат дар буду вуҷудашон инъикоси ҳамешагӣ дорад. Бешак, фасли баҳор ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати даҳчанд зам намуда, ҷаҳони ботини онҳоро таровати баҳорона мебахшад".

Ҳамзамон, дар идома Ректори донишгоҳ аз саҳми бонувон-омузгорон, занони муҳаққиқ ва кормандон дар рушду нумуи донишгоҳ ибрози андеша намуданд ва нақши ҷавондухтарони донишгоҳро низ дар азхуд намудани нозукиҳои илми тиб нек арзёбӣ намуд.

Сипас, дастаи ҳаваскорони "Дурахшон"-и донишгоҳ бахшида ба ин санаи муборак барномаи адабӣ-мусиқиро, ки аз суханони манзуму мансур, мусиқиҳои дилкашу таронаҳои зебо, рақсу саҳнаҳои ҳаҷвӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Хабарнигори сомона.

Page 9 of 1210

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид