ADMIN
Санаи 25-уми декабри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшид ва аъзои ҷаласаро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ бархе аз кормандону омӯзгорон, ки бо хизматҳои шоён ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар рушду нумуи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар давоми соли 2024 саҳм гузоштанд, бо Сипосномаи Ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар масъалаи якум муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2024 ҳисобот пешниҳод намуд ва дастоварду камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корҳои илмиро қайд намуд. Ҳамзамон, дурнамои фаъолияти муовинатро манзури аъзои Шуро гардонид.
Дар масъалаи дуюм “Маълумот оид ба омодагии кафедраҳо, деканатҳо, шуъбаи таълим ба имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025” мавриди таҳлил қарор дода шуда, ваколатдори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. ҳамаҷониба омода будан ба сессияи зимистонаро, бо пешниҳоди маълумотнома, қайд намуд.
Мудири шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ Назаров Р.И. доир ба «Фаъолияти шуъбаи равобити байналмилалӣ дар соли 2024» дар масъалаи секюми рӯзнома маълумот дода, корҳои дар ин самт анҷомдодашударо зикр намуд.
Дар масъалаи чоруми рӯзнома муовини ректор оида ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба “Ҷамъбасти фаъолияти Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон дар соли 2024” ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ 5 лоиҳаи Қарори Шурои олимон пешниҳод ва тасдиқ карда шуда, ҳамзамон, 5 гузориши таҳлилии сохторҳо оид ба иҷрои супоришҳои ҷаласаҳои назоратии назди Ректори донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида фикру андешаҳои худро пешниҳод намуда, ба тамоми роҳбарони сохторӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳамаҷонибаи донишгоҳ супоришҳои мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.