ADMIN
Санаи 22-юми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатиро ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамзамон, қайд дошт, ки Парчами давлатӣ ин ифтихор ва нишонаи соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз мебошад ва арҷ гузоштан би ин муқаддасоти миллиамон вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар идома мудири кафедраи физиология нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. маърузаи хешро пешниҳоди ҳозирин гардонда, аз қабули ин санаи муҳим, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ва таъсири мусбати он ба худшиносиву худогоҳии насли наврас, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ин сана суханронӣ намуд.
Сипас донишҷӯён перомуни таърихи Парчам ва ифтихор аз доштани Парчами давлатӣ презентатсия ва шеърҳои баландмазмуни шуароро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.
Аҳли ҳунари донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшиданд.
Дар ҷамъбаст муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. аз номи раёсати донишгоҳ ба роҳбарияти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ, кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 3, ба донишҷӯён ва дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ барои баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ.