ADMIN
Санаи 28-уми декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид ва тамоми кормандони идораву муассисаҳои кишвар онро ба таври пахши мустақим тамошо намуданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ чун дигар муассисаҳои олии кишвар дастаҷамъона пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Зикр бояд кард, ки зиёда аз 1500 нафар ҲПО ва донишҷӯён тавонистанд дар як толори калони фарҳангӣ ва се толори лексионӣ Паёми Сарвари мамлакатро тамошо намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, пешрафту ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар он таҷассум гардида буд ва барои оянда дастуру вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Албатта, ин таъкиду дастурҳо ва вазифагузории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу тандурустӣ барои Раёсати донишгоҳ ва ҲПО чун раҳнамо барои фаъолияти минбаъда хизмат менамояд ва Раёсати ДДТХ тамоми кушишу саъйи худро ба он равона месозад, ки мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонад.
Хабарнигори сомона.