Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Санаи 26-уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти унвони «Зан ва замон:25 соли музаффарият» ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ занони фаъол аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар иштирок намуданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода суханронӣ намуда, оид ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуданд.

Таъкид карда шуд, ки зан-модар ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ҳар яки мо бояд дар рушду нумуи кишвар ва тарбияву ба камол расонидани насли наврас саҳми беандоза бузурги худро расонем.

Хабарнигори сомона.

Page 3 of 1299
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид