Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Санаи 20-уми марти соли 2025 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу ҷалолат таҷлил гардид.

Аҳли Раёсат бо ҳамроҳии Ректори донишгоҳ нахуст аз намоиши “Ҳафтсин”-у “Ҳафтшин”, хурокҳои миллӣ, намоиши дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну кормандон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Сипас дар толори фарҳангӣ ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи адабии аҳли ҳунари донишгоҳ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон нахуст тамоми устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва тамоми алоқамандони донишгоҳро бо фарорасии ҷашни ҳуҷастапайи Наврӯз табрику таҳният намуд. Сипас, ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Гулбазми наврӯзӣ” ва “Маликаи Наврӯз-2025” дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Ректори донишгоҳ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.









 





















 

 

Дар идома, барномаи адабӣ-мусиқӣ аз ҷониби аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон” ва аҳли ҳунари донишгоҳ бо ҳамоҳангии деканатҳои факултетҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кафедраҳои донишгоҳ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Биё Наврӯз” оғоз гардида, шеъру таронаҳои дилошӯб, рақсҳои мавзуну дилрабо, қироати ҷаззоби порчаҳои манзум чорабиниро боз ҳам зеботару пуршукуҳтар намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ректори донишгоҳ ба аҳли ҳунари донишгоҳ ва масъулон барои ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Наврӯз изҳори сипос намуд.

Хабарнигори сомона.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид