
ADMIN
Санаи 10-уми феврали соли 2025 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Аксияи калон-намоиш ва фуруши китоби муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур намояндаи китобхонаи ДДТХ Хайруллоева С.И. иштирок намуда, бо китобҳои тозанашр шинос гардид. Дар ин намоиш адабиёти бадеӣ, сиёсию таърихӣ, маълумотномаҳо аз нашриёти “Маориф”, “Адиб”, “Ирфон”, “Саррекдаксияи энсиклопедияи миллии Тоҷикистон” пешкаш карда шуда буданд.
Пас аз шиносоӣ гардидан бо номгӯйи дигари китобҳои ин муассисаҳои нашриявӣ Раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки барои дастрас ва харидорӣ намудани китобҳои тозанашр чораи амалӣ андешад.
Китобхонаи донишгоҳ.