ADMIN
Санаи 16-уми августи соли 2024 дар толори бошукуҳи фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил гардид.
Нахуст Раиси ноҳия бо иди касбӣ тамоми кормандони соҳаи тибби ноҳияро табрику таҳният намуд. Қайд намуд, ки ҳамасола ҷашни кормандони соҳаи тиб дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодрӯзи нобиғаи тиб - Абуалӣ ибни Сино қайд карда мешавад, ки басо рамзӣ ва боиси ифтихор мебошад. Боварӣ дорам, ки Шумо – табибон вазифаи пурмасъули табибиро, ки ҳаёти ҳазорҳо инсонҳо дар дасти Шумост, бо дасту дили пок, маҳорату малака, ҳунару истеъдод, донишу масъулият ва сифати баланди хизматрасонии тиббӣ ба иҷро расонида, тамоми фаъолияти касбии хешро содиқона барои халқ сафарбар менамоед.
Қобили қайд аст, ки давлату ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди бомароми соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд, ки самараи неки он имрӯзҳо баръало мушоҳида карда мешавад. Кормандони соҳаи тиб имрӯз таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳою комёбиҳои беназир ноил гардида, ворисони ҳақиқии Абуали ибни Сино будани худро бо ақлу заковат ва дастони моҳирашон дар таъмини саломатии аҳолӣ исбот намуда истодаанд.
Сипас ба як қатор кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара супорида шуд.
Барномаи консертии аҳли ҳунари ноҳия, бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, анҷомбахши чорабинии мазкур гардид.
Хабарнигори сомона.