Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ба таваҷҷуҳи довталабони ДДТХ расонида мешавад, ки даври дуюми имтиҳоноти қабул, ки ба таври хаттӣ  гузаронида мешавад,  соати 07:00 – субҳи 07 – юми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии  мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  баргузор  мегардад.

         Довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 60 хол ва зиёда аз он гардидаанд,   ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.

         Хотиррасон карда мешавад, ки довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ  ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст)   дошта бошад.

            Маълумот дар бораи имтиҳони хаттӣ

Имтиҳони хаттӣ:    Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд  аз забони давлатӣ иншо менависанд.   Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз  забони давлатӣ   диктант  месупоранд.

Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.

Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.

Комиссияи қабули ДДТХ

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид