ADMIN
Рӯзи 12-уми октябри соли 2016 ҷаласаи навбатии муовинати таълимии ДДТХ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим д.и.х Ғафуров Б.А., сардори Шуъбаи таълим н.и.т. Қузибоева Н.К., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., сардори шуъбаи кадрҳо Шоев Ҳ., декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон ширкат доштанд. Масъалаҳои иҷроиши нақшаи таълимӣ, таҳлили сифати таълим ва роҳҳои баланд бардоштани он, вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо, интизоми кории ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баррасӣ карда шуданд. Муовини ректор оид ба таълим д.и.х Ғафуров Б.А. оид ба рафти иҷроиши нақшаҳои таълимӣ ахбор дода, қайд намуданд, ки раванди таълим дар ДДТХ ба низоми муайяне даромада истодааст ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои мудирони кафедраҳо Низомномаи сабақгардонии донишҷӯ ён аз фанҳои таълимӣ таҳия карда шуда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод карда мешавад. Дигар мушкилоти раванди таълим, роҳҳои бартараф намудани онҳо, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, дараҷаи дарсазхудкунии онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин масъалаи аз тарафи кормандони кафедраҳо омода намудани дастуру коркардҳои методӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ ва нашри онҳо баррасӣ карда шуд.
Сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. оид ба сифати таълим дар донишгоҳ маълумот дода қайд намуд, ки мониторинги назорати сифати таълим дар моҳи сентябр гузаронида шуда, аз рӯи он натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаи таҳлили сифати дарсазхудкунии донишҷқён нишон медиҳад, ки чун анъана сифати дарсазхудкунӣ аз фанҳои назариявӣ (забони тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ, таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ) дар муқоиса бо фанҳои дақиқ (анатомияи одам, биология, химия, информатика) баландтар мебошад.
Сардори шуъбаи таълим н.и.т. Қузибоева Н.К. оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузории кафедраҳо, аз ҷумла Низомномаҳои кафедраҳо, барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои корӣ ва инфиродии кафедраҳо, сарбории таълим баромад карданд.
Ҳамчунин декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., мудири кафедраи забонҳо, д.и.т. Тағоймуроводов Р. Ҳ. оид ба масъалаҳои интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои дахлдор баромад карданд.