ADMIN
Санаи 16.11.2016 дар ДДТХ “Рӯзи Президент” бо як шаҳомати хосса таҷлил гардид. Аз ҷониби маъмурияти Китобхонаи Донишгоҳ барои боз ҳам хотирмон ҷашн гирифтани ин рӯз, осор ва асарҳое, ки роҷеъ ба дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба марази тамошо гузошта шуд.
Дар давоми рӯз омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷойи намоишгоҳ дидан намуданд. Махсусан донишҷӯён, ба осор ва зиндагиномаи Пешвои миллат таваҷҷӯҳ зоҳир намуда аз кору афкори ин Шахси бузург пурратар бархӯрдор гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қалби донишҷӯёни мо ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ ҷо гирифта, барои пешрафти ҷамъият ва ободии диёри зебоманзарамон саҳмгузор хоҳанд буд.
Маъмурияти Китобхона