
ADMIN
Чуноне ки мо қайд карда будем, тибқи Нақшаи кории китобхона намоиши «Ахтарони сайёр», ки тариқи сомона баргузор мегардад, бо мақсади боз ҳам хубтар фаъолият намудани кори китобхона, воридсозии иттиллоот оид ба захираҳои чопӣ ва электроние, ки дар китобхона мавҷуд аст, ташкил ва ба роҳ мондани кор бо донишҷӯёну омӯзгорон мебошад.
Имрӯз маъмурияти китобхона тасмим гирифтааст, ки ба дӯстдорони китоб тариқи маҳфили «Ахтарони сайёр», асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳо дар бораи ин Шахси бузургро пешкаш гардонад.
Дар ин асарҳо натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлӯи Сарвари давлат доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва ҳамчунин дар самти ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлати Тоҷикистон дар минтақа ва чаҳон инъикос ёфтааст. Бояд қайд кард, ки ин китобҳо ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва мухаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст. Китобҳоро метавонед аз китобхонаи Донишгоҳ дастрас намоед.
Маъмурияти китобхона