
ADMIN
Рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Семинар-машварат дар мавзӯи «Технологияи навин – кафили шаффофияти таълим» гузаронида шуд. Семинар-машварат бо иштироки Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз тарафи сардори Маркази мазкур дотсент Хайров А.Г. ва мутахассиси ҳамин марказ Ҳасанов Ш.Р. гузаронида шуд. Дар семинар-машварат, ки ба масъалаҳои мубрами низоми кредитии таҳсилот бахшида шуд, аз ДДТХ мудирони кафедраҳои анатомияи одам ва гистология, физикаи тиббӣ ва информатика, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ, намояндагони деканат, шуъбаи таълим, омӯзгорон ширкат намуданд. Дар семинар масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд:
- Мақсади баргузории семинар-машварат, таркиби сохтори МБМ
- Меъёри баҳо, назорат ва баҳодиҳӣ, тарзи ҳисоби баҳо, тестҳо ва навъи онҳо
- Силабус - талабот ба таркиб ва мазмуни он. Ташкили КМРО ва кори курсӣ Таҳлили «Низомномаи намунавии таҳсилоти кредитӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ
- Вазифаи эдвайзерон, бақайдгирандагон, мутахассисон, сармутахассисон, маъмурон ва маъмурони калон
- Ташкили раванди таълим. Меъёри тақсимоти кредитҳо барои дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор Pdh. дар ҷадвали дарсӣ
- Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва интиқоли донишҷӯ. Ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва роҳнамои донишҷӯ
Иштирокчиён семинар-машварат ба масъалаҳои гуногуни системаи кредитии таҳсилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Умуман, семинар-машварат дар масъалаи баррасии системаи кредитии таҳсилот, масъалаҳои марбути он нақши муассири худро гузошт.
Шуъбаи таълим