Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

    Боиси таассуф ва андӯҳи бузурги устодони  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки марг рӯзи 31-ми октябр аз миёни мо фардеро рабуд, ки аз барозандагони тоҷу тахти бартарӣ ва сафороёни маъракаи давлату раиятпарварӣ буд ва ниҳоли бахташ аз тарбияти баҳори камолот тарбия ёфтаву арсаи тӯлу арзи қаламрави ахлоқу одоб ва фурӯтаниву хоксорияш аз сарҳади тасаввур фаротар гардан мекашид.

   Шахсе рӯ ба ниқоби хок кашид, ки ганҷинаи табъи салимаш аз зару сими хираду дониш ба он ҳад  саршор буд, ки агар тӯтии нутқро дар шакаристони маҳфил мутакаллим месохт, аз резиши найсони каломаш садафи ҳушу равони гавҳарсанҷони ҳар маҳфил моломоли дурру марворили обдори балоғату фасоҳат мегардид ва агар ҳумои отифату насиҳаташ бар ҳар саре сояи боли иноят меафканд, дар маъракаи арҷмандӣ сарфароз мегашту ба манзили мақсуд мерасид.

    Номваре аз байни мо рафт, ки офтоби оламтоби вуҷуди масъудаш машриқорои сипеҳри ҳастӣ буд ва дар арсаи ҳар диле, ки партави хуршеди ҷонбахшаш метофт, анвори таҷаллиёти фуюзоти ҷовидониро дармеёфт ва агар насими панду андарзаш гулшани ҳар дилеро хуррамӣ мебахшид, аз осебу зиёни ҳеҷ хазоне хиҷолати зардрӯӣ намекашид.

Ба дигар сухан:

                        Китоби фазли варо оби баҳр кофӣ нест,

Ки тар кунӣ сари ангушту сафҳа бишморӣ.

 

    Ин ганҷури хизонаи хираду доноӣ ва ғаввоси баҳри басорату биноӣ, ки аз партави назари кимиёасари нурфизои соҳати саодатмандӣ баҳравар гашта буд, РАМАЗОН ҒОЗИЕВ (1. 08. 1946 - 31. 10. 2016) буд. Номбурда, ки  солиёни зиёд бо шаҳди нигоҳу гуфтори хеш коми ташнаи шогирдон ва ҳамсуҳбатони хешро дар ҷумҳурӣ, ба вижа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шодоб месохт, кунун дар байни мо нест.

   РАМАЗОН ҒОЗИЕВ, бо назардошти соҳибтаҷрибаву огоҳдил буданаш, ҳар куҷо, ки ба фаъолият мепардохт, дар мақоми иззу эҳтиром ва мулотифату икром қарор дошт. Аз сабаби он ки фаъолияти ин абармард бисёрҷабҳаву гуногуннавъ аст, баррасии ҳамаи онҳо фароғи хотир ва фурсати бештареро тақозо мекунад, ки ин таъзиянома маҷоли бардошти ҳамаи онҳоро надорад. Ин ҷо бо истифода ва такя ба мақоли «Мушт намунаи хирвор аст» фақат ба таври иҷмол арз медорем, ки марҳум ҳангоми дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият карданаш , аз соли 2011 то соли 2016, мушовири собиқ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Убайдулло Қурбон - роҷеъ ба масъалаҳои тарбиявӣ буда, дар ин замина бо ибтикороти хеш ба роҳандозӣ ва таъсиси китобхонае таҳти унвони «Асрори дониш» дар ноҳияи Муъминобод муваффақ шуд. Ҳамчунин ташкили маҳфилҳое таҳти номҳои «Масъалаҳои равонӣ бо донишҷӯён»,  «21 сифати роҳбар» ва «Зан - роҳбар»  дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ибтикороти ӯст. Вазифаи раиси Шӯрои мураббёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бар дӯши вай гузошта шуда буд.

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои шоиста ва бенуқсони Рамазон Ғозиевро дар самту соҳаҳои гуногун ба эътибор гирифта, ӯро бо як қатор мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондааст.

   Раёсат, ҳайати профессорону устодон, шогирдон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фавти ин шахсияти оқилу фарзона, устоди сахтгиру меҳрубон, масъулиятшиноси камназир ва фарди хоксору накусияр – РАМАЗОН ҒОЗИЕВ сахт андӯҳгин буда, ба хешу табор ва кулли пайвандони марҳум шикебоии зеборо таманно доранд ва якдилона аз забони шоир мегӯянд:

Кай нутқи марди маърака вассофи қадри ӯст,

Берун бувад сифоти вай аз маркази қиёс.

Дар остони қадри ҷалолаш намерасад,

Гар сад ҳазор сол парад тоири қиёс.

Сармашқи тозарӯии фирдавси роҳат аст,

Ҳар дил, ки нақди бандагияш кард иқтибос.

Ҳар чини ӯ ба номаи озодагӣ хатест,

Пешоние, ки хоки суҷудаш бувад масос.

Мақбули коиноту сазовори ҷаннат аст,

Ҳар муқбиле, ки бар дари ӯ гашт рӯшинос.

 

Раёсати ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид