
ADMIN
Пешгузаштагони бузурги мо - тоҷикон, ақида ва андешаеро аз дер боз дар зеҳни худ мепарвариданд ва дар амал татбиқ мекарданд, ки тибқи он бояд ба ду гурӯҳи мардум, яъне омӯзгору пизишк, бештар арҷ гузошта шавад. Мақсуди эшон аз чунин арҷгузорӣ ба хотири он буд, ки соҳибони ин ду пеша донишу таҷрибаи худро ба ҳамзамонону насли оянда арзонӣ медоранд. Мусалламан, агар пизишкро азизу гиромӣ надорӣ, бояд бо дарди худ бисозӣ ва агар муаллимро бузургу муҳтарам нашморӣ, мунтаҳо бояд ба нодонӣ ва ҷаҳли худ хурсанд бошӣ. Дар иртибот ба ин ва ба ҷиҳати он ки андешаҳои мутазаккира беасос нанамоянд, манзур намудани намунаеро аз китоби «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, ки онро комилан метавон насиҳатномаи ҷовидонӣ тасмия кард, салоҳи кор медонем. Кайковус дар боби шашуми китоб ба фарзанди хеш чунин гуфтааст:
«Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро. Ва мардуми асилу насиб, агарчи беҳунар бувад аз рӯи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад. Батар он бошад, ки на гавҳар дораду на ҳунар. Аммо ҷаҳд кун, ки агарчи асилу гавҳарӣ бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар, чунон ки гуфтаанд:
«Аш-шарафу би-л-ақл ва-л-адабу ло би-л-асл ва ан-насаб», яъне шарафу бузургӣ дар хираду адаб аст, на дар нажоду насаб».
Дар иртибот ба ин, метавон гуфтаҳои донишманди мутабаҳҳир, ватандӯсти асил, яке аз намояндагони фидоӣ ва узви фаъоли наҳзати шуубия Ибни Муқаффаъро низ ба ҳайси мисол пешкаш кард, аз ҷумла:
«Ҳар касе вуҷуди худро фидои илму адаб намояд, дар иваз соҳиби тоҷе мегардад, ки дар баробари ҳар соҳибмақоми дунёӣ бениёз шуда, дар муқобили ҳар фақру фишори моддӣ чун кӯҳ устувор мемонад ва ба аҳаде аз тангдастӣ шикоят намекунад, зеро умуми масоибу ранҷҳои моддиро дар қиболи лаззатҳои илм ба ҳеҷ чиз намешуморад»
Ё худ донишманди муосири эронӣ - Муҳаммад Раҷоӣ роҷеъ ба масъалаи мавриди назар, хусусан доир ба шуғлу пешаи омӯзгорӣ, чунин нуқтаи назар дорад:
«Муаллимӣ шуғл нест, ишқ аст. Агар ба унвони шуғл қабул кардӣ, раҳо кун, агар чун ишқ, муборакат бод!».
Умуман, ин мавзӯъ яке аз мавзӯъҳоест, ки таваҷҷуҳи на танҳо мардуми шарифи тоҷик, балки кулли башариятро ба худ ҷалб мекард, мекунад ва хоҳад кард, зеро мусалламан бидуни азиз доштану дар мақоми баланди эҳтиром қарор додани равшанфикрону мунаввардилон ҳеҷ ҷомеае ба муваффақияту шукуфоӣ ва рушду тараққиёт ноил намегардад. Зимнан иқтибосоти манзуршуда, ки муште аз хирворро мемонад, мантиқан мо - насли имрӯзро вазифадор месозад, ки бояд анъанаи аҷдоди гузаштаи худро дар зеҳн ҳифз намоем, азизу муқаддас дорем, ҷиҳатҳои мондагору таъсиргузори онро дар зиндагии рӯзмарраи худ мавриди корбурд қарор диҳем, баъзе ҷиҳатҳои кӯҳнашудаи онҳоро мукаммалу музайян ва ба замон мутобиқ сохта, ба ояндагон ба мерос гузорем, то бад-ин васила рисолати хешро дар назди миллати шарифу ҷомеаи ҷаҳонӣ ба андозае иҷро карда бошем.
Ҳадафи мо аз ин муқаддима, ки дар он роҷеъ ба арзёбии ҷойгоҳи илму адаб ва нақши зиёиён дар ҳаёти иҷтимоӣ пардохта шуд, баррасии иҷмолиест доир ба зиндагинома, кору пайкори таълимиву илмии як тан аз зиёиёни кишвар, шахсияти маҳбуб, мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Ситамов Саъдулло, ки тақрибан панҷоҳ соли ҳаёти худро сарфи таълиму тадрис, тарбия, касби дониш ва роҳнамоии донишандӯзон кардааст.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар дарозои замонаҳо аз ҳар қавму миллате ва аз ҳар манотиқе донишмандони мутабаҳҳире бархоставу сабзидаанд, ки бо фазилату фиросат, ақлу заковати инфиродии хеш олами маънавӣ ва тафаккури кулли башариятро равшаниву нур бахшидаанд. Воқеан, афроди соҳибдирояту соҳибфазилат дар замин ба гунаи офтобеанд, ки гармиву рӯшноии худро аз касе дареғ надошта, ба қалбу рӯҳи ҳамзамонону пасовандон абадан зиёву сафо ато мекунанд. Дар иртибот ба ин метавон афзуд, ки аксар маврид шахсиятҳои шинохта ва бонуфузи ҷомеа аз оила ва хонадоне ба воя мерасанд, ки онҳо дар муҳити хонавода дорои низоми таълимиву тарбиятии вижае мебошанд ва ҳифзу риояи русуми ойини писандидаи пешгузаштагон ва баъдан ба ҳукми анъана даровардану роҳандозӣ кардани онҳо рисолати инсониашон дар зиндагӣ маҳсуб мешавад, то аҳли ҳамон хонавода, ба хотири арҷгузории ҳамин суннат, шарафу эътибори худро нигоҳдорӣ намоянд. Бидуни тардид, устод Саъдулло Ситамов низ шабеҳи ҳамин гуна офтобе ҳастанд, ки аз охирин ситораи субҳ то аввалин ситораи шом ҷабини партави гарму нуронии маърифати хешро бедареғ ба замини сиришту вуҷуди шогирдон месояд, то ин ки зангу сиёҳии ҷаҳлу нодонӣ аз тинати эшон зудояд ва роҳи онҳоро барои дастрасӣ пайдо кардан ба зиндагии шоиставу сазовор равшану мунаввар гардонад.
Шайх Саъдии бузургвор роҷеъ ба ҳақиқати чунин ашхос мефармоянд:
Марди хирадманди ҳунарпешаро
Умр ду боистӣ дар рӯзгор.
Бо якеаш таҷриба андӯхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.
Шахсан барои ман ҳузуру дидори шарифи устод Саъдулло Ситамов, суҳбату хушгӯиҳо, шуҷоату нотарсӣ, масъулиятшиносӣ, росту бепардагуфтанҳо, рафтари бебоконаву тобеи расм набудаи ӯ, ки табииву ғайримаъмулӣ ва бархурдор аз садоқату самимиятанд, хеле писанд аст. Мавсуф як тан аз олимони донишманд, муҳаққиқу пажӯҳишгари муваффақи соҳаи табииву риёзӣ, устоди сахтгиру меҳрубон, шахсияти вораста, муҳимтар аз ҳама, инсони наҷибу комил, фарди зоҳиран мағрур, вале ботинан хоксору бегазанд, фурӯтану дилсӯз, мунтаҳо як тоҷики равшанфикру мунавварандеши даврони мо буда, бо он содагии тоҷиконаву хоссае, ки дорад, мояи шарафу ифтихори ҳамзамонон аст.
Вобаста ба тақозои матлаб зарур медонем, ки доир ба аҳвол ва масири зиндагии устод иҷмолан таваққуф шавад. Ситамов Саъдулло 7-уми марти соли 1947 дар деҳаи Боғи дилкушо, мавзеи Дуоби ноҳияи зебоманзари Мӯъминобод чашм ба олам кушуда, соли 1964 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Восеъро хатм кардааст. Соли 1969 факултаи физикаи собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, фаъолияти илмиву пажӯҳишии устод аз ҳамин сол ба сифати ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ оғоз гардидааст. Аз соли 1970 то соли 2001дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгор, саромӯзгор, дотсент ва аз соли 1993 то соли 2001 ба сифати мудири кафедраи физикаи умумӣ ба фаъолият идома бахшид. Мавсуф соли 1978 ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дохил шуда, соли 1981 онро бомуваффақият хатм кард. Соли 1985 рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаву математика таҳти унвони «Термокинетикаи корношоямшавии полимерҳо ҳангоми таъсири моеъҳо ва шиддатҳои мураккаб дар ҳароратҳои паст» ба маърази муҳокимаи донишмандон гузошта, саранҷом сарбаландона дифоъ кард. Соли 1986 барои дарёфти унвони илмии дотсент муваффақ гардид. Соли 2001 бо даъвати ректори онвақтаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба донишгоҳи мутазаккира омада, аз ҳамон сол то соли 2005 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ ва аз соли 2005 то соли 2008 дар вазифаи декани факултаи физика ва математика ба фаъолият пардохтааст. Аз моҳи августи соли 2016 то кунун вазифаи мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро бар ӯҳда дорад.
Бо назардошти хидматҳои шоиста ва бенуқсон дар самту соҳаҳои гуногун, бахусус маориф, Саъдулло Ситамов ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва як қатор мукофоту ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.
Дотсент Саъдулло Ситамов аз ҷумлаи мардони илму фарҳанги диёри тоҷикон аст, ки анқариб панҷоҳ соли умри худро сарфи тадрису таҳқиқ карда, мутахассисони баландпояи соҳаи маориф ва шогирдони бешумореро барои ҷомеа тарбият намудааст. Шогирдони устод имрӯзҳо ҳам дар муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ҳам дар идораҳои бонуфузи кишвар машғули фаъолияти пурсамар буда, ҳар як аз онҳо номи мубораку шарифи эшонро боифтихор ба забон мегиранд.
Фаромуш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Саҳми устод Ситамов Саъдулло дар таълифи китобу мақолаҳои илмиву методӣ назаррас аст. Натиҷаи заҳмату омӯзиш ва таҳқиқу пажӯҳиши доимии устод самараи фаровону судманде ба бор овардааст. Теъдоди мақолоти ӯ бештар аз 150 номгӯро ташкил медиҳад. Бояд арз дошт, ки агар бархе мақолоти устод Ситамов С. дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи кишвар ва хориҷ аз он ба табъ расида бошанд, бархе дигарашон дар конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ироа шудаанд, ки мо барчидани ҳамаи онҳоро ин ҷо салоҳ намедонем, вале ном бурдани гулчине аз китобҳои эшонро айни савоб мешуморем. Аз ҷумла:
Маҷмӯи корҳои лабораторӣ оид ба курси махсуси «физикаи диэлектрикҳо». – Кӯлоб, 1989. – 60 саҳ.
Масъалаҳои тестӣ аз физика. – Қӯрғонтеппа, 2008. – 145 саҳ.
Сохтори полимерҳо ва баъзе хосиятҳои физикавии онҳо. – Душанбе, 2010. – 140 саҳ.
Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физикаи мактабӣ. – Душанбе, 2010. – 144 саҳ.
Биофизика. – Қӯрғонтеппа, 2011. – 136 саҳ.
Технологияи иттилоотӣ ва рушду инкишофи он. – Қӯрғонтеппа, 2013. – 64 саҳ.
Устод Ситамов С. дар ҷодаи дӯстиву рафоқат низ шахси бовафо, боваринок, ҳақшиносу намакшинос аст, дасту дили пок, нияти наҷибу беғараз дорад. Мавсуф дар чеҳраи ҳамкорон бародарони ҷонӣ ва дар симои шогирдон фарзандонро тасаввур мекунад. Ба ҷо овардани эҳтироми чунин шахси ҳақшинос, донишманди тавоно, устоди мушфиқу меҳрубон на танҳо барои афроди алоқаманду ҷудогона, балки барои кулли ҷомеа фарзу воҷиб аст.
Дар фуроварди ин меҳрнома устоди гаронқадр – Саъдулло Ситамовро, ба ифтихори ҷашни ҳафтодсолагиашон, табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва аҳли хонаводаашон аз Офаридгори бузург талаби рӯшаниву гармӣ, садоқату болидахотирӣ ва дилрабоиву ворастагӣ карда, таманно мекунем, ки нахли вуҷуди борвари эшонро солҳои дароз ҳамчунон сабзу хуррам, тавонманду пуркор дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад ва аз забони Саъдӣ сидқан мегӯем:
Худоят носиру давлат муин бод,
Дуои некхоҳонат қарин бод.
Муроду кому бахтат ҳамнишин бод,
Турову ҳар кӣ гӯяд, инчунин бод!
Рустам Тағоймуродов