
ADMIN
Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Дар факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ дарсҳои ҷамъбастӣ мавзӯҳоро оид ба «Системаи аъзои ҳозима» ва «Системаи нафаскашӣ», дар факултети стоматологӣ бошад оид ба «12 ҷуфти асабҳои мағзи сар» ва «Дилу рагҳои хунгарди сару гардан» дар бар гирифтанд. Дарсҳои ҷамъбастӣ аз ду қисмат, тестӣ -бо пешниҳоди 20 саволи тестии шакли пушида бо интихоби як ҷавоби дуруст ва 5 саволи шифоҳӣ ва кашидани нақшаи узвҳо дар тахтаи синфӣ иборат буд.
Ҷавобҳои донишҷӯён чунин натиҷагирӣ карда шуданд: барои ҷавоби дурустӣ ҳар як саволи тестӣ як хол дар маҷмӯъ 20 хол, ҷавоби саволи шифоҳӣ 2 хол дар маҷмӯъ 10 хол, бо имконияти ба таври максималӣ гирифтани 30 хол
Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯён чунин баҳогузорӣ карда шуд: факултети тиббӣ10 - % аъло, 32,3 -% хуб, -54% миёна, -5% бад; факултети педиатрӣ 4 - % аъло,37,1 -% хуб,55 -% миёна, 4,4-% бад ; факултети стоматологӣ 9,1 - % аъло, 15-% хуб,73,2 -% миёна, 3,45-% бад;
Аз натиҷаи ҷамъбасти 1-ум бармеояд, ки баҳои хубу аъло нисбат ба давраҳои пешинаи дарси ҷамъбасти то як маротиба зиёд шудааст, ки дар маҷмуъ нишондоди хуб ба шумор меравад.
Мудири кафедра Зарипов И.А.