
ADMIN
Санаи 11.04.2017сол дар хобгоҳи ДДТХ санҷиш оиди вазъи беҳдошт ва риояи гигиенаи шахсии донишҷӯён гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани санҷиш ташфиқ намудани донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад.
Гигиена (аз забони юнонӣ –“солим”) соҳаи донишҳои тиббӣ мебошад, ки алоқамандӣ ва ҳамкории инсон ва ҷомеаи инсониро бо табиат ва муҳити атроф омўхта, барои солим намудани шароити зиндагӣ меъёрҳои амалиро муқаррар менамояд.
Дар воқеъ гигиенаи шахсӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатӣ ва тарбияи насли ҷавон мебошад. Иҷро намудаи таъиноти гигиенӣ, ки барои инсон мушкилу заҳматталаб нестанд, барои ҳифзи саломатӣ, вусъати қобилияти азхудкунии дониш ва инкишофи мўътадили ҷисми донишҷӯён имконият медиҳанд.
Натиҷаҳои санҷиш нишон доданд, ки вазъияти риояи беҳдошт имрӯз дар хобгоҳи донишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Аз рӯи натиҷаи санҷиш ҳуҷраи беҳтарин ва намунавӣ муайян карда шуд, ки ҳуҷраи №103 мебошад. Дар он донишҷӯён Шокирова Марҷона, Машрапова Муқаддас, Аҳмадова Фаришта ва Шокирова Меҳрангез истиқомат мекунанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи беҳдошти ҳуҷраҳо ва таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён сӯҳбат гузаронида шуда, ҳамзамон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ