ADMIN
Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар арафаи фасли баҳор тибқи нақша – чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои ободонӣ ва ташкил намудани шанбегиҳо аз 04 – уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оғоз ёфт. Донишҷӯёни гуруҳҳои 1,2,5,6-и педиатрӣ ва 5,6-и тиббӣ дар ин шанбегӣ сафарбар карда шуданд. Заминҳои атрофи хобгоҳ барои шинонидани гулҳо ва дарахтон тайёр карда шуданд. Дар маҷмӯъ бо қувваи донишҷӯён гирду атрофи донишгоҳ ва минтақаи ҷудокардаи ҳокимияти маҳаллии н. Данғара ба тамиз дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯён маъракаи ободониро бо як руҳи баланди ватандустӣ гузарониданд. Деканати факултетҳо тасмим гирифтаст, ки чунин чорабиниҳои ободониро мунтазам гузаронад.
Муовини декани факултетҳо Камолов А.С.