
ADMIN
Рӯзи 13-уми апрели соли 2017 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло, сардори ШВКД-и ноҳияи Данғара Алишер Неъматзода ва як гурӯҳи ҳамроҳонашон ба мақсади шиносоӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф оварданд. Вазир ва ҳамроҳонаш аз биноҳои таълимӣ, раёсат, синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, китобхона дидан намуда, аз рафти фаъолияти ин донишгоҳи нахустини тиббии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд.