
ADMIN
Бо мақсади шиносоӣ аз таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти дирӯза ва имрӯза, инчунин аз анъанаҳои Донишгоҳи тиббии Синзян субҳи 05 –уми апрели соли 2017 гуруҳи корӣ аз Осорхонаи донишгоҳ дидан ба амал оварданд.
Пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи гурӯҳи кориро усули ҷамъоварӣ ва тартиби нигаҳдории маводҳо, инчунин бо санъати хос ба намоиш гузошта шудани маводҳои таърихии донишгоҳ ҷалб намуд. Дар осорхона аз рӯзи сохта ва ба истифода дода шудани биноҳои таълимию озмоишӣ ва клиникии донишгоҳ нигораҳо ва дигар ашёҳо ба таври хронологӣ ҷой ба ҷо карда шудааст, ки барои ошноӣ пайдо кардан аз таърихи он ҳар нафар маълумоти амиқ пайдо карда метавонад. Инчунин дар Осорхона барои дастовардҳои назири кормандони донишгоҳ дар соҳаҳои илму техника ва кашфу ҷорӣ намудани усулҳои муолиҷа гӯшаи махсус таъсис дода шудааст, ки ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбад. Чизи дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи намояндагони ДДТХ гардид ин ҳам бошад, гушаи махсус доир ба хизматҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ва ташкилдиҳии ин маҷмааи бузурги таълимию муолиҷавӣ, иттилооти махсус ва аксҳои таърихӣ ҷойгир карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки доир ба тамоми инфрасохтори имрӯзаи донишгоҳ гӯшаи махсус дар шакли қолаб (макет) омода карда шудааст.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа