
ADMIN
Маводи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба номи «Тенологияи иттилоотӣ дар раванди таълим » (муаллифон Шарифов Б.Л., Ситамов С., Асомиддини Р.К.) дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Китоб барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳои тиббӣ ва колеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, мавзӯъҳои асосии барномаи фанни информатикаро барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳи тиббӣ ва колеҷҳои тиббӣ дар бар мегирад. Услуби баён, сабки нигориш, пайдарҳамии мавзӯъҳо, матнҳои ба ихтисос иртиботдошта, истилоҳоти тиббӣ, расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, ки китоби мазкур мубтанӣ бар онҳост, асосан содда ва осон буда, ҳадаф аз интихоби онҳо ҳиммати муаллифон ҷиҳати осон азбар кардани асосҳои фанни информатика аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Китоб аз қисматҳои асосии назарияви мувофиқи барномаи таълимӣ, замимаҳо иборат аст, ки дар он асосҳои технологияи иттилоотӣ, қисмҳо ва намудҳои компютерҳо барои хониши мустақилона ва ғайра оварда шудаанд. Ҳамчунин дар охири китоб шарҳи баъзе калимаҳои кутоҳкардашуда ва луғатҳои англисӣ, русӣ,ва тоҷикӣ оварда шудааст,ки ба ихтисоси донишҷӯён мондагор мебошанд.
Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика.