
ADMIN
НАВРӮЗ ДАР ҲАФТА
Аз рисолаи «Наврӯзнома»-и Муҳаммад бинни Алӣ Ҳакими Тирмизӣ (р)
Хоҷа Имом Ҷамолулислом Маъниуланом Муҳаммад бинни Алӣ Ҳакими Тирмизӣ (р.а.) фармудаанд: «Ман саду бисту панҷ сол умр ёфтам ва таҷриба бисёр кардам, то илми нуҷумро дарёфтам ва аҳкоми афлокро бишнохтаму манозили Офтобу Моҳро маълум кардам, соату замону дараҷоту дақоиқро дарёфтам. Ва таҷрибаи кулли солро аз саъду наҳс ва хайру шар ва нафъу зарар берун овардам. Ва ин китобро «Наврӯзнома» ном ниҳодам. Ва истихроҷи ҳар рӯз, ки Наврӯз шавад, дар он сол чӣ бошад ва чӣ далел кунад, навиштам. Ва ин китоб муштамил аст бар айёми сабъа аз якшанбе то шанбе. Гуфта шавад, ки дар ҳар сол аз ҳаводиси давр чӣ ҳодис шавад ва дар олами сифлӣ аз воқеаи подшоҳон ва бузургону олимон ва умарову даҳоқин ва ғаллаву фолиз ва кишту ҳол, вуҳушу туюр ва мардону занон ва хидматгорону корфармоён ва меҳтарону кеҳтарон ва бозаргонҳову ҳоли шаҳрҳову вилоятҳо ва барру баҳр ва ғайри ин ҳама гуфта шавад, иншааллоҳи таоло. Эзиди субҳона ва таоло манофеи ин китобро дар кор дорад.
ЯКШАНБЕ - Агар Наврӯз рӯзи якшанбе бошад, худованди сол Офтоб бувад ва аҳволи подшоҳони бузург неку буваду неъмат фарох бувад ва нархҳо арзон бувад ва ошӯб кам бувад ва сибоъу даду дом бисёр бошанд ва пунба неку бувад. Ва дарду беморӣ фаровон бувад ва боду меғу гарду тагарг фаровон бувад ва ғалла неку буваду кунҷид беҳтар бошад ва аз меваҳо ангур беҳтар бошад. Ва нафъи мардум аз меҳтарону бузургон бувад. Ва зимистон миёна бувад ва мардумонро аз султон некуӣ расад.
ДУШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи душанбе бувад, худованди сол Қамар бувад. Ва ҳоли мулукон неку бувад ва корҳои мардум бо нафъ бувад ва ҳоли бозаргонон ва аҳли дарё неку бувад. Ва фарохии неъмату арзонии нарх бувад ва обҳо фаровон бувад ва фитнаву ошӯбу ҳарб бувад. Ва наму борон бувад ва фасли баҳору тобистон мардум дар сутӯҳ аз сабаби гармо. Ва дар аввали зимистон барф гарон ва… бар дар баҳор бикунад ва сармо ба ҳангом бикунад ва мӯру малаху магас ва мору каждуму занбӯру бузағ (вазағ – навъе аз қурбоққа, ғук) бисёр буда ва бемории занону кӯдакон ғалаба бувад.
СЕШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи сешанбе бошад, худованди сол Миррих бошад ва толеъ ақраб. Ҳоли султонону авонону дуздон неку бувад ва ҳарбҳову лашкаркашиҳо бисёр бошад ва кори мардум баста бувад ва ғами гунагун бисёр бошад ва нархҳо гарон шавад ва фитнаву ошӯб ва гуфтугӯ бисёр бошад ва тобистон гарм бувад ва бештар бемории обила бошад ва кӯдаконро бештар бошад ва занон бо шавҳарон бад шаванд ва меҳтаре бузурге ба сӯи Машриқ кам шавад ва дар ҷониби Мағриб малики бузург бимирад ва борон ба вақт бисёр борад ва пунбаӣ бегоҳ набояд киштан, то неку ояд ва ғалла неку бувад. Ҳам нархҳо гарон шаваду ҳоли деҳқонон неку бувад. Ва баъзе меваҳоро офат расад, аз сахтии сармо. Ва ҳар киро толеъ қамарӣ бувад, ҳоли ӯ неку бувад.
ЧОРШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи чаҳоршанбе дар ояд, худованди сол Аторуд ва толеъ сумбула бувад ё ҷавзо. Фитнаву ошӯб бисёр бувад ва ҷанг, хусумату хиёнат ва дурӯғ бисёр бувад. Ва нархҳо гарон бувад. Ва харид аз нархҳо бисёр бувад. Ва дар бемориҳо иллат бувад. Ва гармиву хушкиву дарди гулуву сина бувад. Ва бар замини Гелону Табаристон ва Гургон ошӯбу фитна бувад ва мардумро ғаму қаҳтӣ ва тангиву андӯҳ бувад. Ва корҳо баста бувад ва бозаргон косид бувад ва халқро раҳм бар якдигар набувад. Ва нодононро кори дунё нек бувад ва мардуми донову аҳли салоҳ кам бувад ва амонат набошад ва борон ба вақт бисёр бошад. Ва ҳоли султонон гардон бувад ва аз султонон яке осӣ шавад ва амири бузург бар меҳтари худ осӣ шавад. Ва меваро офат расад ва беморӣ дар фасли тобистон бисёр бошад. Ва бодҳои мухталиф бисёр вазад ва ғалла неку бувад. Аммо дар фасли баҳор хушкӣ бувад. Ва дилҳои мардум бо тарсу бим бувад. Ва сармову зимистон сахт бошад. Ва шарафи олмиён миёна бувад.
ПАНҶШАНБЕ – Агар Наврӯз рузи панҷшанбе бувад, худованди сол Муштарӣ бувад ва ҳоли уламову улвиён ва зоҳидону қуръонхонон ва мардуми пайи кори дину шариат риққат кунанд. Ва хайру баракат падид ояд ва неъмат фаровон бувад. Ва кори султонон қавӣ гардад ва кори дарвешон неку. Ва кори чаҳорпоён нек бувад ва фасли баҳор гиёҳ неку бувад. Ва меҳру моҳ хирманҳо табоҳ шавад ва низ дар фасли баҳор меғу тагарг бисёр бувад ва тобистон гармо миёна бувад ва ҳам дар ин сол Офтоб бо Моҳ бошад.
ҶУМЪА – Агар Наврӯз рӯзи ҷумъа бувад, худованди сол Зуҳра бувад ва толеъ мизон. Ва ҳоли уламо ва улвиён ва зоҳидону қуръонхонон неку бувад ва ҳоли занону касон, ки сару кори эшон бо занон бувад. Ва нек бувад аҳволи бузургон, ҷавҳарфурӯшон ва наққошон ва худовандони атру пироя ин ҳамаро бувад. Ва нархҳо арзон шавад, хосса ғалла. Ва ҳоли султонон заиф бувад ва дар миёнаи дил машғулӣ бувад. Ва тарабу никоҳу пайвастагии ишқбозон бисёр бошад. Ва пунбаи бегоҳ набояд коштан, ки офат расад ва бим бувад. Ва фолиз нек бувад. Ва зимистон барфу ях бисёр бувад ва тобистон гарм бувад ва бемории мардум бисёр бувад.
ШАНБЕ - Агар Наврӯз рузи шанбе дар ояд, худованди сол Зуҳал бувад ва толеъ далв бувад. Ҳоли мардум бад бувад ва бо ғаму андӯҳ ва гуфтугӯй ва ихтилоф бувад. Ва султону раиятро мунозиат бувад ва бар якдигар берун оянд ва ҳалоки якдигар кунанд. Ва хабарҳову лашкаркашиҳо бисёр бувад. Ва дар ин сол ғалла бисёр буваду ангурро офат расад ва офатҳои борон бисёр бувад. Ва дар фасли баҳор эмин бувад. Ва бар замини Ҳидустон офати осмонӣ бисёр бувад ва сулотони бузург падид ояд, ки аз дасти ӯ ҳамаи ҷаҳон балову фитна бигирад ва ноҳия бадтар бувад. Ва дар замини Мовароуннаҳр эмин бошад. Ва дар ноҳияи Ироқ подшоҳе падид ояд ва подшоҳӣ кунад ва баъд аз он дод падид ояд. Ва мору малаху занбӯру каждуму кабку бузағ бисёр бошад ва аҳволи мардумон гарон бувад ва бар замини Туркистон машғулии дил падид ояд. Ва ҳоли бузургон нек бувад. Ва дар Табаристон ошӯбу фитна бувад ва дар вилояти Мозандарон ноэманӣ бувад. Ва ба новақт сармо бикунад ва бемориву дарди сина ва бемории занону кӯдакон бисёр бувад ва корҳо омехта бувад. Ва ҳоли уламову улвиён миёна бувад. Ва зимистон барфу ях бисёр. Ва дар замини форс обилаву марг бувад ва дар замини Бобул марги гӯсфандон бувад. Ба ноҳияи араб ҳарб афтад ва бисёр мардум кушта шаванд, аммо даст подшоҳи арабро бувад. Ва гӯсфандонро офати осмонӣ расад. Ва дар охири сол нарх гарон шавад. Ва ҳарбу мукошифати мардум бисёр бувад ва ҷанги занон бо шавҳарон бисёр ва бештар бувад. Ва кори ишқбозон баста бувад ва муроди ошиқаон бар наёяд ва нози маъшуқон бисёр бошад ва дилмашғулии мардум бисёр бувад ва хосса дар кӯҳистон. Ва пунбаӣ бегоҳ набояд киштан. Ва кунҷид неку бувад. Ва бар замини Бобул ғалларо офат расад. Ва дӯстони қадим бо якдигар хусумат кунанд ва ҳоли маҷол бисёр гардад ва дилмашғулии мардумон бувад аз сабаби фитна ва ошӯб. Ва худованди сол ба ҳама сол арзонӣ бувад. Валлоҳу аълам.