Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

    Иқдоми нахустини   клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   аз боздиди неругоҳи обии барқии Норак оғоз гардид, ки мақсади он аз наздик шинос шуда бо осори  гузаштагони  худ ва табиати нотакрори  кишварамон, тарбияи рӯҳияи хештаншиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои   кишвару миллати худ  тасаввуроти  комил  доштани мо  ҷавонон мебошад. Беҳуда нест, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон дар бораи сайёҳӣ ва туризми дохиливу хориҷӣ ва рушди ин соҳаро таъкид ва дастгирӣ мекунанд.

Зеро ки дар ватани мо, мавзеъҳои сайёҳиву туризм бениҳоят бисёр буда,  хамасола сайёҳони зиёде аз хориҷи кишвар ба тамошои ин мавзеъҳо меоянд.

     Аз ин рӯ мо як гурӯҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳи ДДТХ   тасмим гирифтем, ки аввалин сафари худро аз калонтарин НБО – и ҷумҳури ки 70 %-и барқи мамлакатамонро таъмин мекунад оғоз намоем. Зимни сафари худ мо аввал ба болои Сарбанд (Платина) – и нерӯгоҳ баромада аз он ҷо тамоми гӯшаву канори онро ба хубӣ  дидем. Дар рафти сафар Зардов Анвар – раиси Созмони ҷавонони нерӯгоҳ моро роҳбаладӣ намуда ба мо гуфта дод, ки баландии сарбанди нерӯгоҳ 300 м , дарозиаш 814 м ва бари болояш 20 м мебошад. Девори он бошад аз дохил хоки сафед, қум, санг ва аз боло бо бетон мустаҳкам гардонида шудааст. Ҳаҷми умумии оби обанбор 10.5 млрд м3  ташкил медиҳад, ки тибқи гуфтаи роҳбаладон то 53м каму зиёд мешавад.

      Аз боло мо тамомии роҳҳои барқро аз назар гузаронида, чи тавр ба тамоми гӯшаву канори мамлакат тақсимшавии қувваи ҷараёнро фаҳмидем. Ҳамин тавр     ба мо - устодону ҳамсабақонамон  барои фаҳмидани  аз об чӣ тавр ҳосилшавии қувваи ҷараён зарур омад, ки то аз дохили бинои нерӯгоҳ  хубтар шинос шавем.

    Моро дар дохили бино мушовири директори НБО-и Норак Салолов Давлатбек рохнамоӣ намуд, ки мо дар он ҷо бо агрегатҳои нерӯгоҳ (миқдорашон 9-то) тавоноии ҳар яки онҳо   335  Мвт/ст-ро ташкил медоданд,  шинос шудем. Боз дар дохили бино мо бо ду аёният  рӯ ба рӯ шудем, ки дар онҳо нақшаи ҳамаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги мамлакатамон нишон дода шуда буданд. Аз ҷумла дар бораи иншооти аср НБО-и Роғун маълумот ва аз рафти сохтмони он шинос шудем. Дар чунин кору фаъолият мо бо тамоми шаҳрҳое, ки дар вақти сохтмони нерӯгоҳ ёрии худро расонидаанд шинос шудем ва дар он аз чунин навиштаҷот огоҳ шудем: “Эстафетаи коргарӣ”- зодаи дӯстии халқҳои СССР. Бо туфайли ин НБО-и Норак 15 моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршудааш бо иқтидори пурра ба кор дароварда шуд.

         Баъди он мо ба Пулти марказии нерӯгоҳ даромадем ва бохабар шудем, ки ҳамаи рафти корҳо дар нерӯгоҳ аз ҳамин ҷо идора карда мешудаанд. Ба мо Хоҷаев Мансур муовини директор оид ба низоми бехатарии нерӯгоҳ  маълумот дод, ки нерӯгоҳ дорои 9- гидрогенератор буда, 6-тои он дорои  500 кВт шидатнокӣ буда, шиддатнокии 3-тои дигари он дорои 220 кВт мебошад. Айни ҳол иқтидори НБО-и Норак дар як сол  3000 млрд кВт/ст-ро ташкил медиҳад.

         Чун ба бинои дигар даромадем ба мо аз рафти сохмони нерӯгоҳ сухан намуданд ва илова намуданд, ки НБО-и Норак соли 1960 маҳз бо ташаббуси сарвари Ҳизби коммунистӣ ҶШС Тоҷикистон Турсун Улҷабоев ҳусни ифтитоҳ бахшида шуда,  агрегати аввалини нерӯгоҳ пеш аз мӯҳлат 15-ноябри соли 1972 бо иштироки Котиби генералии партияи коммунистӣ  Л.И.Бережнёв ба истифода дода шуд.

      Ҳамин тавр мо устодону донишҷӯён аз тамоми корҳо ва сохту фаъолияти НБО-и Норак шинос шудем. Дар охир тамоми донишҷӯён ва устодон аз ҳайати роҳбаладон ва кормандони нерӯгоҳ сипосгузорӣ намудем ва онҳо низ дар навбати худ мо чавононро вазифадор намуданд, ки аз пайи омӯхтани илму техникаи замонавӣ  шуда, исбот созем  то мо ворисони асосии Абӯали ибни Сино ва пайравони ҳақиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Эмомалӣ Раҳмон бошем.  Аз ин рӯ  мо донишҷуён миннатдории хешро аз самими қалб ба ректори донишгоҳ барои ташкил намудани чунин клуби сайёҳӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаро, ки аз аввал то ҳозир ба мо  дареғ надоштаанд, арзи сипос менамоем.Аз ин лиҳоз мо донишҷӯён кушиш ба харҷ менамоем, ки сазовори боварӣ ва кумаку дастгириҳои эшон бошем!!!

Донишҷӯёни бахши аввали ДДТХ, гурӯҳҳои 5-8-и тиббӣ
Ҳакимов Муҳим, Шарифов Мубориз.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид