
ADMIN
Санаи 12-уми марти соли 2025, дар доираи баргузории озмунҳои дохилидонишгоҳӣ бахшида ба идҳои баҳорӣ, озмуни “Беҳтарин Анатоми ҷавон дар соли 2025” байни донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд.
Зикр бояд кард, ки озмуни мазкур дар се давр доир карда шуда, даври аввали он 24-уми феврал баргузор карда шуд. Дра озмуни мазкур беҳтарин донандагони фанни Анатомияи нормалӣ ширкат варзида, дар се давр донишу савод ва маҳорату малакаи хешро санҷиданд.
Ҳайати ҳакамон хеле нозукона маҳорати довталабонро дар се давр баҳогузорӣ намуда, ба даври сеюм танҳо 5 нафар беҳтаринҳо роҳхат гирифтанд. Пас аз натиҷагирӣ кардани даври охирини озмун, бо гирифтани холи баландтарин, донишҷуйи курси 3-юми факултети тиббӣ - Анушервони Ориф “Беҳтарин Анатоми ҷавон дар соли 2025” ҳисобида шуд.
Раёсати донишгоҳ мавсуфро барои ғолиб омадан дар ин озмун табрику таҳният гуфта, барояшон дар оянда ҷиҳати аз худ намудани нозукиҳои илми тиб ва чун табиби ҳозиқ ба камол расидан муваффақияту комёбиҳои беҳтарину нодиртаринро таманно менамояд.
Хабарнигори сомона.