Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 28-уми сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшида, аъзои ҷаласаро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рўзнома декани факутетҳои тиббӣ ва стоматологӣ н.и.т. Холзода Ш.И. оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии тобистонаи донишҷӯён ахбор пешниҳод намуд.
Аз рўйи масъалаи дуюми рўзнома мудири бахши хоҷагӣ-маъмурии донишгоҳ Камолов Д.Ғ. дар бораи рафти корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024-2025 маълумот пешниҳод намуд.
Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Раҳимов Х.С. оид ба вазъи тамини ҲПО ва донишҷўёни донишгоҳ бо хонаҳои истиқоматӣ ва хобгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 ахбор пешниҳод карданд.
Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ бошад, як қатор лоиҳаҳои қарорҳо баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Хабарнигори сомона

Яке аз вазифаҳои Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ин бо адабиётҳои илмӣ ва таълимӣ ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Дар робита ба ин, маъмурияти Китобхонаи донишгоҳ тамоми чораҳои амалиро мавриди иҷро қарор додааст. Бо зиёд шудани теъдоди қабули довталабон дар соли таҳсили 2024-2025 зарурият ба миён омад, то фонди китобхона такмил дода шавад ва китобҳои тозанашри таълимӣ, бо ба инобат гирифтани шумораи донишҷӯён, дастрас гардонида шаванд.

Маъмурияти китобхона ҷиҳати иҷрои Нақшаи «Такмили фонди китобхона бо адабиёти таълимӣ” аз муассисаи нашриявии “ГЭОТАР –МЕДИА” 92 номгуй адабиёти таълимии тозанашрро ба миқдори 1330 нусха харидорӣ ва ба китобхонаи донишгоҳ ворид намуд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳо бо адабиёти таълимӣ таъмин бошанд. Дар ҳамбастагӣ ба ин ба баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён саҳми такони тоза бахшида шавад.

Китобхонаи донишгоҳ.

     
     
     
     





                                                                       





Санаи 22-юми сентябри соли 2024 ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ректори донишгоҳи мазкур профессор Ҳоҷиакбар Айса ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овард. Ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чинро Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии мубодила ва таблиғоти тиббӣ ва тандурустии Чин ва ҳамзамон, Академики Академияи муҳандисии Чин профессор Хан Демин, муовини директори Маркази кашф ва рушди маводи мухаддири Осиёи Марказӣ дар Академияи илмҳои Чин, Ph.D., хонум Чжао Тсзянюй, мудири кафедраи химияи органикии Донишгохи давлатии Самарқанд, д.и.х., профессор Хуршед Бозоров ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон - директори Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.х., Содиқ Нуъмонов, ходими калони илмии Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.ф. Исомиддин Гулмуродов ҳамроҳӣ доштанд.

Ҳадафи ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ДДТХ ин аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои таълимию таҷрибавӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманди байни ду донишгоҳ мебошад.

Ҳайати меҳмононро профессор Убайдулло Қурбон ва аъзои Раёсат дар даромадгоҳи Бинои асосии донишгоҳ пешвоз гирифтанд ва тибқи хатсайр меҳмононро бо синфхонаҳои намунавӣ, китобхонаи электронӣ, толори хониши китобхона ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ шинос намуданд.

Сипас, дар толори Шурои олимон вохӯрии ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Роҳбарияти донишгоҳ ва аъзои Раёсат сурат гирифт. Ректори ДДТХ профессор Убайдулло Қурбон пас аз сухани муқаддимавӣ аз фаъолияти 8-солаи донишгоҳ, имконияту шароит, дастовардҳо ва ҳамкориҳои судманди донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Инчунин, аз муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумакҳои башардӯстона, бахусус, дар соҳаи тандурустии кишвар, ёдоварӣ намуд.

   

Дар навбати худ, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии мубодила ва таблиғоти тиббӣ ва тандурустии Чин ва ҳамзамон, Академики Академияи муҳандисии Чин профессор Хан Демин аз ҷониби ҳайат суханронӣ намуда, нахуст барои пазироии гарму самимӣ ба Роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, аз муносибатҳои ду кишвари дӯст, ҳамкориҳои судманди ду донишгоҳ, таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ, беморхонаҳои наву замонавӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуд.

Дар фарҷомӣ вохӯрӣ, дар вазъияти тантанавӣ Ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» сазовор гардонида шуд.

Вохӯрии ҳайати Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар сатҳи баланд доир гардида, ҳамкориҳои тарафайн минбаъд боз ҳам бештар ба роҳ монда хоҳанд шуд.

   
   

Хабарнигори сомона.

                           

Санаи 21-уми сентябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни “Рӯзи Рӯдакӣ” маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.

Мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Сухане чанд оид ба кӯрии Рӯдакӣ” ва профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. дар мавзуи “Золотые россыпи поезии Абуабдуллах Рудаки” маърузаҳои ҷолибро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

 

Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ ва донишҷӯёни соҳибистеъдоди курсҳои аввал, ки аз ҷониби кафедраи Забонҳо омода карда шуд, зиннатбахши чорабинии мазкур гардид. Аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз ашъори Устод Рӯдакӣ қироат ва бо оҳанг суруда шуданд.

Дар фарҷом, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ба роҳбарият ва ҳайати кафедраи забонҳо ва аҳли ҳунари донишгоҳ барои баргузории чунин барномаи хуби адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуд ва дигарбора  таъкид намуд, ки Устод Рӯдакӣ дар таърихи миллати форсу тоҷик ҷойгоҳи махсусро касб намудааст ва ҳар як сухани ӯ як шоҳкитоби зиндагӣ ба шумор меравад. Месазад, ки мо ҳамарӯза аз ӯ ёд намоем ва ашъори ӯро пайваста мутоли намоем.

Хабарнигори сомона.

   Дар оғози соли таҳсили 2024-2025 ба Китобхонаи донишгоҳ 394 адад китоби нави таълимӣ ворид гардид. Китоби мазкур “Учебник пособие по русскому языку для студентов высших медицинских учебных заведений Республики Таджикистан” унвон дошта, муаллифи он - профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Юлдошев Умарҷон Раҳимҷонович онро чун тӯҳфа ба донишгоҳ тақдим намуд.
     Дастури таълимии мазкур ҷиҳати омӯзиши забони русӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ аз манфиат холӣ набуда, дар ташаккули забондонии забони русии донишҷӯён такони тоза хоҳад бахшид.
   Раёсати донишгоҳ барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба профессор Юлдошев У.Р. изҳори сипос менамояд ва умедвор аст, ки ҳамкориҳои судманди профессор бо донишгоҳ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Хабарнигори сомона.

        Санаи 30-юми августи соли 2024 мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибулло ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овард. Ҳадафи ташрифи мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ДДТХ шинос шудан бо шароиту имкониятҳои донишгоҳ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳҳо ва муассисаҳои бонуфузи тиббии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ДДТХ мебошад.
        Ректори ДДТХ, д.ит., профессор Убайдулло Қурбон мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибуллоро расман қабул намуд. Зимни суҳбат масъалаҳои муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, имкониятҳои донишгоҳҳоии тиббии Ҳиндустон, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси ҲПО, ҷалб намудани донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешқадами Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти илм, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
       Дар фарҷоми суҳбат мушовири сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибулло аз пазироии гарму самимии раёсати ДДТХ изҳори сипос намуд ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва тандурустиро саривақтӣ ҳисобида, омода будани сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкориҳои судманд, бахусус, дар соҳаи тандурустиро қайд намуд.

Шуъбаи равобити байналмилалии ДДТХ.

Page 1 of 132
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид