ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОНИШҶӮЁН БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН (ДДТХ) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

              Қоидаҳои қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (минбаъд ДДТХ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022», “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.05.2020, №254”,        Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  таҳия шудааст.

           Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТХ шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.

           Дар ДДТХ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.          Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТХ  мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, тариқи озмун (суҳбат) ва пас аз пардохти музди таълим қабул карда мешаванд. 

           Таҳсил дар ДДТХ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултети тиббӣ  6 сол, стоматологӣ 5 сол, педиатрӣ 6  сол   мебошад.

           Довталабон ба комиссияи қабул баъди  гузаштан аз озмуни Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);
  • таҳлили озмоишӣ аз рӯи Гепатитҳои В, С
  • маълумотнома аз ҷойи зист
  • 8 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  • хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2-юм дар ихтисос (ҳо)-и интихобкарда.

  Шахсоне, ки дар асоси озмуни Маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳо бархурдор шудаанд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба таври  ҳатмӣ пешниҳод менамоянд:  

  • ғолибони ҷойҳои аввали озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд - тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ғолибони ҷойҳои аввали олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд  -   тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд – шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки ҳамчун маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, мебошанд – шаҳодатномаи тиббӣ;
  • ятимон (то 21 сола) – нусхаи хатти вафоти волидайн   бо тасдиқи идораи нотариалӣ,  

   Духтарон ва писарон, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд, бар иловаи ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • қарори Шӯрои педагогии мактаб;
  • тавсияи шуъбаи маорифи ноҳия ё шаҳр;
  • роҳхати ҳукумати ноҳия ё шаҳр.

 Довталабони зикршуда   бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар муҳлати муқарраргардида, пас аз натиҷаи эълони ММТ  ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё ҷой доштани камбудию норасоииҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ҳуҷҷати онҳо қабул карда намешаванд. 

Факултетҳо ва ихтисосҳои донишгоҳ

Факултет

Рамзи

ихтисосҳо

Номгӯи  ихтисосҳо

Тахассус

Муҳлати таҳсил

Маблағи таҳсил

1.      

Тиббӣ

                 1-  79.01.01

«Кори табобатӣ»

Табиб

6 сол

8650

2.      

Педиатрӣ

 1-79.01.02

«Педиатрия»

Табиб

6 сол

6912

3.      

Стоматологӣ

 l-79.01.07

«Стоматология»

Табиб-

стоматолог

5 сол

9763

 

   Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар асоси эълони такрорӣ  пас озмуни ММТ назди Президенти ҶТ ва озмуни квота  муайян карда мешавад.

Нишонии мо:   735320, н. Данѓара,  кӯчаи И.Шарифов -3.

            Комиссияи қабул                                Тел.: (83312) 21034, 21029

                                                                                  E-mail:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

                                                                            www.khatmedun.tj