Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

    Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 60 -солагиатон самимона табрик намуда,  ба Шумо тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ,  тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ таманно доранд.

   Ҳамагон хуб медонанд, ки   Шумо дар соҳаи  таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони бомаърифат тамоми донишу ҳастиатонро дареғ намедоред. Ин бошад Шуморо маҳбуби қалби ҳазорон шогирдон ва кормандони донишгоҳ гардондааст.   Шумо пас аз хатми Университети давлатии  Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолияти омӯзгории худро оғоз кардед. Аз соли 1993 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ва аз 10-августи соли 2016 то кунун дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон     ба ҳайси сармутахассис оид ба назорати сифати таълим ва саромӯзгории кафедраи забонҳо адои вазифа намуда истодаед.

   Дар таҷлили ҷашни 60-солагии мавлудатон    умед  ба он дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави камолоти фаъолияти худ комёбиву мувафаққиятҳои бузургро ноил мегардед.

  Бори дигар, Шуморо ба ҷашни камолотатон табрику таҳният гуфта, бахту саодати оилавӣ ва муазаффариятҳои фаъолияти кориатонро аз самими қалб таманно менамоем. Бигузор ҳамеша чунин ширингуфтору абармард, масъулиятшиносу ҷойгузини қалби мо боқӣ монед.

                        Ҷашни 60-солагӣ муборак, устоди азиз!

                                                                                                  

Бо эҳтироми самимӣ:  Раёсати ДДТХ

                                                                                                                                                        

 

  Рӯзи 15-уми сентябри соли 2018 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинар-тренинги ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо омӯзгорони ҷавон баргузор гардид. Дар семинар-тренинг аъзои раёсат ва зиёда аз 30 нафар омӯзгорони ҷавон, ки мувофиқи озмун ба донишгоҳ шомилшуда буданд,  иштирок доштанд.

   Сараввал ректори донишгоҳ мақсаду мароми семинар-тренинги мазкурро баён намуда, бо омӯзгорони ҷавон шинос шуданд. Дар семинар-тренинг мафҳумҳои зиёди дахлдори мактаби олӣ, воҳидҳои корӣ, снадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мактаби олӣ, Кодекси меҳнат ва ғайра баррасӣ карда шудаанд.  Таъкид карда шуд, ки омӯзгори мактаби олӣ бояд пеш аз ҳама муҳтавоии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун дар бораи маориф, Қонун дар бори таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди муассисаи олӣ», Оинномаи ДДТХ  бояд шинос шавад ва дар фаъолияти кории худ онҳоро риоя намояд.

   

   Сардори Шуъбаи кадрҳо Холов Ш.И. дар бораи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе аз моддаҳои он ба омӯзгорон маълумот доданд.

  Дар охир омӯзгорони ҷавон ба саволу ҷавоб шуруъ намуда, ба масъалаҳои мавриди назарашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Одинаев С.П. – сармутахассис оид ба назорати сифтаи таълим

 

    Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли нави хонишро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Дар ин сол Донишгоҳ аллакай зиёда аз 1000 донишҷуй дорад, ки ҳар яки онҳо соли нави хонишро бо хурсандӣ оғоз намуданд. Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси ректори Донишгоҳ китобхона имсол низ тавонист тибқи меъёри муқарраргардида барои ҳар як донишҷӯй китобҳои таълимиро дастраас талабилмон гардонад.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки аз давраи фаъолияти Донишгоҳ тоба имрӯз зиёда аз 10000 нусха китобҳои таълимӣ ба донишгоҳ ба таври тӯҳфа ворид гардид, ки дар ин кори хайр саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва шахсони алоҳида низ бузург аст.

   Саннаи 12-уми сентябр аз ҷониби н.и.т. Ҳ.А.Боронов 100 адад китоби дарсии «Анатомияи патологӣ» тӯҳфа карда шуд, ки роҳбарияти Донишгоҳ ва маъмурияти китобхона аз ин иқдоми хайри ӯ баҳраманд гардида, миннатдории самими худро иброз медоранд.

Маъмурияти китобхона

 

  

     Боиси хушнудист, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тавонист се соли худро бомуввафақият сипарӣ намояд. Дар ин се сол дар донишгоҳи навтаъсису ҷавон се факултет аз руи фанҳои тахассусӣ ва умумӣ амал мекунад, ки дар онҳо таълим бо ду забон ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо бошад дар се факултет ва дар се курс қариб 40 фанни таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

    Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки барои дастрас намудани китобҳои таълимӣ ба ҳар як донишҷӯй кори басо мушкил аст. Аммо Раёсати донишгоҳ ва маъмурияти китобхона тавонист, ки ин мушкилиро бо кумаки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомотҳои дахлдор ва баъзе шахсони алоҳида ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро софдилона дастгирӣ намоянд.

   

    Аз чумла, дар оғози соли нави таҳсил - саннаи 11-уми сентябр аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббииТоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 2 ҳазор нусха китобҳои таълимӣ барои курсҳои 3-юм бо забонҳои точикӣ ва русӣ ворид гардид, ки ин иқдомро Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фоли нек арзёбӣ менамояд.

   Аз фурсати муносиб истифода бурда Раёсати ДДТХ миннатдории худро ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бахусус ба ректори он профессор Гулзода М.Қ. мерасонад.

   Умедворем, ки дар ҳамкории мутақобила ин ду донишгоҳ метавонанд муносибатҳои самарабахшро ҷиҳати омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши табибони оянда амалӣ намоянд .

Маъмурияти китобхона

Подкатегории