• Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал

Имсол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сессияи тобистона аз 7 июн оғоз гардид. Тибқи ҷадвал имтиҳонҳои нахустин барои курсҳои якуми ҳамаи факултетҳо аз фанни физика, барои курси 3-юми ҳамаи факултетҳо аз фанни физиологияи патологӣ ва барои курсҳои 5-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ  аз фанҳои бемориҳои дарунӣ, акушерӣ ва гинекологӣ  баргузор шуд.

Саволномаҳои  имтиҳонӣ аз саволҳои  тестӣ, кушода ва мувофиқат иборат мебошанд.

Бояд зикр кард, ки дар курсҳои 5-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ дар баробари супоридани имтиҳони тестӣ, ҳамзамон имтиҳони шифоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар як саволномаи имтиҳони шифоҳӣ аз ду саволи назариявӣ ва як саволи амалӣ иборат мебошад.

Низоми имтиҳон дар толорҳо пайваста аз ҷониби ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ назорат карда мешавад.

Ҳамин тариқ, имтиҳонҳо тибқи ҷадвал то 24 - уми июн идома хоҳад ёфт.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

Республика Таджикистан

ПРОЕКТ РАЗВИТИЯ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ

 

Контракт: На закупку компьютерного оборудования

 

Номер Контракта: ХГМУ/SH/03

 

Дата: 14 декабря 2020г.

 

Правительство Республики Таджикистан получило грант от Всемирного Банка на реализацию проекта «Центр симуляционного обучения» и намеревается использовать часть средств на закупку компьютерного оборудования для оснащения рабочих мест (Центра симуляционного обучения) Хатлонского государственного медицинского университета (г. Дангара).

 

Хатлонский государственный медицинский университет приглашает правомочных и квалифицированных поставщиков подать выражение заинтересованности на закупку компьютерного оборудования для оснащения рабочих мест (Центра симуляционного обучения)  Хатлонского государственного медицинского университета:

 

Торги будут проводиться согласно процедурам Всемирного Банка - Закупка в розничной сети (шопинг).

 

Заинтересованные правомочные участники могут получить дополнительную информацию по указанному ниже адресу в рабочие часы с 08:00 до 16:00.

 

Выражения заинтересованности должны быть представлены по указанному ниже адресу до 08 января 2021 года.

 

Хатлонский государственный медицинский университет

Г-ну Курбон У.А., ректор

г. Дангара, ул. Исмата Шарифа 3

Республика Таджикистан

Тел./Факс: +992 918 20 33 88

Эл.почта: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

         Бо мақсади таҷлили шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз, рӯзи 17ҳуми марти соли равон дар ДДТХ шанбегӣ баргузор гардид. Хайати кормандон, омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ гирду атрофи маҷмааҳои таълимиро аз ифлосиҳо тоза намуданд. Шанбегӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ баргузор гардида, донишҷӯён ва устодон аз субҳ то нисфирӯзӣ тамоми гирду атрофи биноҳои таълимӣ, маишӣ ва майдони варзишии донишгоҳро тоза намуданд. Хамзамон дар гирду атроф зиёда аз 1000 адад гулҳо шинонданд. Дар шанбегӣ декани факултетҳо – Боронов Х., муовини декан – Асоев С.П., Э.О. Омонов, кормандони хоҷагӣ ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Деканати факултетҳо

23 ноябри соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ маҳфили  навбатии “Анатомҳои ҷавон” баргузор гардид.  Маҳфилро сардори он - донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ  Фозилов Н.С. ифтитоҳ намуд.        

Аз рӯи нақшаи маҳфил иштирокчиёни гурӯҳи  “Травматологҳои ҷавон” донишҷӯёни курси 2-юми факултети педиатрӣ Абдулҳамидова Ҳ. ва Зоирова Д. бо забони тоҷикӣ  дар мавзӯи “Узви босира” ва                 Эргашев И. бо забони русӣ дар мавзӯи “Возрастные особенности черепа” маърӯза намуданд. Сипас, барои шавқовар намудани маҳфил ва боз ҳам мустаҳкам кардани дониши иштирокчиён оид ба мавзӯи мазкур сардори маҳфил Фозилов Н.С., викторина бо номи “Як савол ва як ҷавоб” гузаронид. Гурӯҳҳо супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд. Мудири кафедра Зарипов И.А. натиҷаи викторинаро эълон намуд, ки дар ин давр гурӯҳи “Урологҳои ҷавон” бо гирифтани 13 хол  ғолибияти  асосии МИД-ро ба даст оварданд.                                    Барои ҳусни хотима бахшидан ба кори маҳфил мудири кафедра Зарипов И.А. баромад карда, фаъолияти гурӯҳҳоро мусбат арзёбӣ намуд ва барои боз ҳам шавқовартар гардидани маҳфил ба иштирокчиён тавсияҳои муфид дод.

Кафедраи анатомияи нормалӣ,

анатомияи    топографӣ    

  ва  амалияи ҷарроҳӣ,

забони лотинӣ